Мақомоти корҳои дохилии кишвар дар робита ба ошкор шудани чанд ҷиноят дар рӯзҳои охир дар кишвар хабар дода, бо гумони истифодаи ғайриқонунии барқ, таҳдиди куштор, дуздӣ ва вайрон кардани қоидаи роҳ чанд нафарро боздошт кардаанд.

Аз ҷумла, милитсияи Суғд Розиқов Боймаҳмад ном сокини ноҳияи Деваштичро бо иттиҳоми пахши дучархарони 56-сола, ки сокини ҷамоати Яхтани ҳамин ноҳия будааст, боздошт кардааст.

Тибқи гузориши ахбори милитсияи Суғд, ҳодиса рӯзи 24-уми апрел дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич рух дода, марди 56-сола, ки аз ӯ Исматулло Ибрагимов ном бурда мешавад, баъди як рӯзи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар навори барномаи “Милитсия хабар медиҳад” ронанда иқрор шудааст, ки баъди садама аз ҷойи ҳодиса фирор карда, нақлиёти худро дар хонааш пинҳон кардааст.

Нисбати боздоштшуда мувофиқи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ) ва моддаи 127 (дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Моддаи аввал аз ду то ҳафт сол ва моддаи дуюм аз се то панҷ сол ҷазои маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Акс аз РВКД дар вилояти Суғд

Мақомоти корҳои дохилӣ аз содир шудани ҷинояти дигаре дар ноҳияи Деваштич хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, марди 33-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони таҳдиди куштани падари ҳамсараш (хусур), ки марди 64-солаи ноҳияи мазкур будааст, боздошт шудааст.

“Ҳодиса 17-уми апрел дар пайи муноқишаи лафзии мард бо падари ҳамсараш сар зада, гумонбаршуда бо корди хоҷагӣ якчанд маротиба ба рӯйи хусураш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, - гуфтааст ВКД.

Нисбати боздоштшуда бо қисми 1-и моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ бо ҷурми “Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, милитсияи Суғд Муҳибулло Назарзода ном сокини шаҳри Хуҷандро барои дуздӣ аз дохили мошин боздошт кардааст.

Номбурда шабона тирезаи нақлиётро шикаста, дар дохили он 32 ҳазор сомониро гирифтааст. Нисбати Назарзода мутобиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардидааст.

Ба иттилои милитсияи Суғд, аз моҳи феврал то даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 70 ҳолатӣ дуздӣ бо ин шева ошкор шудааст.

Ҳамчунин, дар “Ахбори ВКД” аз ошкор гардидани як ҳолати дигари истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби як сокини шаҳри Душанбе иттилоъ дода мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, Мирзоев Неъматулло ном сокини 45-солаи ноҳияи Шоҳмансур дар манзили истиқоматиаш 12 адад дастгоҳи барқии қувватдиҳандаи аккумулятори нақлиётро берун аз ҳисобкунаки барқӣ истифода мебурдааст.

Акс аз ВКД

Ин шаҳрванд муддати се сол ба ин шева ба дуздии барқ машғул буда, ба шуъбаи барқи ноҳияи Фирдавсӣ 176 ҳазору 377 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Нисбати номбурда мувофиқи моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ (расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) парванда боз шудааст.

Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 18 ҳазору 750 то 27 ҳазору 375 ҳазор сомонӣ ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Назари ҳеҷ яке аз боздоштшудаҳо ва вакилони дифои онҳо дастрас нест.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Он дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мақомот баъди ин чандин нафарро барои “дуздӣ”-и барқ муҷозот карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.