Дар вилояти Хатлон давоми ду моҳи охир 5 ҳолати васли ғайриқонунии таҳҷизоти истихроҷи рамзарз (криптовалюта) ошкор шудааст. Дар ин кор чанде аз шаҳрвандони Чин ҳам даст доштаанд. Зарари ба буҷет расида, миллионҳо сомонӣ ҳисоб шудааст.

Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки насби ғайриқонунии таҷҳизоти истихроҷи рамзарз, дар шаҳри Левакант, минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва ноҳияи Темурмалик ошкор шудааст.

“Моҳи майи соли 2023 як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли хишт дар шаҳри Левакант, дар ҳамдастӣ бо як гурӯҳ шаҳрвандони Чин бе иҷозаи расмӣ беш аз 5 ҳазор таҳҷизоти истихроҷи рамзарз васл карда, ба истихроҷи ғайриқонунӣ машғул шудаанд”, - гуфт Варқаи Зайниддин.

Ба гуфтаи ӯ, ин кирдор ба буҷети давлат 4 миллиону 994 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳамчунин, ба қавли Варқаи Зайниддин, моҳи марти соли ҷорӣ як гуруҳ шаҳрвандон дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Данғара низ 1 ҳазору 342 дастгоҳи истихроҷи рамзарз васл кардаанд.

Варқаи Зайниддин аз шахсияти ин нафарон ном набурд, танҳо гуфт, нисбати онҳое, ки ба истихроҷи рамзарз машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Дар умум, зарар аз истихроҷи рамзарз ҳисобгардида, 14 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Аммо маълум нест, ки нисбати ин кирдор бо кадом банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Зеро то ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон мушаххасан мафҳуми рамзарз (криптовалюта) истифода нашудааст ва истихроҷи он ҳам расман танзим нагардидааст.

Маъмулан, дар чунин ҳолат, кирдори зикршуда ҳамчун истифодаи ғайриқонунии барқ бандубаст карда мешавад.

 

Истифодаи ғайриқонунии барқ

Ҳамчунин, ба қавли Варқаи Зайниддин дар ду моҳи гузашта 37 ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқ дар ҳудуди вилоят ошкор шуда, зарари ба буҷет расида 10 миллиону 494 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Илова ба ин, дар ҳудуди вилояти Хатлон 449 муштарӣ аз истифодаи барқ ба миқдори умумии 39 миллиону 440 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Ҳамзамон нисбати 1200 масъул парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бояд гуфт, дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар кишвар мақомот дар ин самт тафтишотро пурзӯр кардааст. Ҳоло дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.