Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар робита ба муноқишаи чанде қабл рухдода дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар сомонаи АМИТ “Ховар” изҳороти расмӣ нашр намуд.
“Сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд”, - қайд мешавад дар изҳорот.
Гуфта мешавад, тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд.
“Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад”, - зикр мегардад дар изҳорот.
Таъкид мешавад, ки қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ ва инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд ва бо истифода аз фурсат шаҳрвандони Қирғизистон ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастаанд.
“Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Самые яркие цитаты 2025 года: от низких тарифов на воду до греховного ботокса
Два клуба высшей лиги Таджикистана сменили главных тренеров
Зарплата от 60 до 200 тысяч рублей. Власти предлагают рабочие места таджикским мигрантам в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 января 2026 года
Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста