Тоҷикистон бо дархости ба Душанбе фиристодани нозирон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и ҷараёни интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда расман ба давлатҳо, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА муроҷиат кард.

Мувофиқи пешгӯии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои пайгирии ҷараёни баргузории интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ба ҷумҳурӣ меоянд.

“Аз рӯзҳои аввали соли нав КМИР тариқи ВКХ Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот ба Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА ва чанде аз кишварҳо даъватнома фиристод”, - гуфтанд дар КМИР ҶТ.

Ғайр аз ин, рафти интихобот ба парлумони ҷумҳуриро ҳамчунин наздики 1000 нафар нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, соли 2015 дар интихоботи парлумонӣ 525 нафар нозирон, аз ҷумла 175 нафар аз кишварҳои ИДМ, 35 нафар - аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 167 нафар - аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА иштирок доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.