Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон имрӯз, 27-уми январ ба Душанбе меояд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, гурӯҳи кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ, хадамоти сарҳадбонии Ӯзбекистон то 30-юми январ бо ҳамтоёни тоҷики худ тартиби гузоштани поячӯбҳоро дар сарҳад баррасӣ мекунанд.
Аввали моҳи январ зимни вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар Тошканд розигии комили ҷонибҳо оид ба хатти сарҳади давлатии ду кишвар ҳосил шуда буд.
Корҳои таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳади давлатӣ байни ду кишвар соли гузашта ба поён расида, ҷонибҳо санадҳоро имзо карданд. Акнун дар харитаҳо хатти дақиқи марзҳои муштараки ду кишвар ишора карда мешавад.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти мушатараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста