Иттиҳоди Аврупо ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷи ҶТ, дар ин хусус роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон рӯзи 13-уми апрел зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили байнулмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Қаблан дар Тоҷикистон “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” суратҳисобҳо кушода шуданд.
“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, - хабар дода буд ВКХ ҶТ.
Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус 11,3 миллион доллари ИМА медиҳад. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ ва лавозимоти гузаронидани санҷиш, инчунин омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ равона мешавад.
Ҳамчунин Олмон ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 миллион евро ҷудо кард.
Бонки осиёии рушд низ баҳри дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар грант пешниҳод кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Около 400 иностранцев за полгода перестали быть гражданами РФ из-за преступлений
В США сообщили, что Украина уже получает первые вооружения из нового пакета
Эмомали Рахмон: «Мы возлагаем большие надежды на сотрудничество с Европейским банком реконструкции и развития»
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 апреля 2024 года
В Гамбурге исламисты провели митинг, где потребовали создания халифата в Германии
Генсек НАТО приехал к Зеленскому с необъявленным визитом
В Грузию – без пересадок. Между Душанбе и Тбилиси запустили прямые авиарейсы
Правительство Таджикистана рассмотрело закон о показателе для расчетов и концепцию оценки качества образования в стране
МИД Таджикистана вручил ноту протеста послу России в Таджикистане
ЕБРР и Таджикистан договорились разработать Кодекс финансирования женщин-предпринимателей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста