Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷалби 10 ҳазор ризокор (волонтёр) барои “расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ” хабар медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ин афрод аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо довталабона (бо хоҳиши худ) ҷалб шудаанд.
Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси ин Кумита ба “Азия Плюс” гуфт, “тибқи қонунгузорӣ мо ҳақ надорем донишҷӯёнро маҷбуран ба кори волонтёрӣ ҷалб кунем, чунки мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем. Нафароне, ки чун волонтёр ҷалб шудаанд, бо хоҳиши худашон чунин тасмим гирифтаанд”. Ҳамчунин ба гуфтаи ин мақоми Кумитаи ҷавонон, хонандаҳои мактаб ба кори ризокорӣ ҷалб намешаванд, зеро қонун иҷоза намедиҳад.
Ҳамчунин ба гуфтаи Дилноза Аҳмадзода, ширкати ин ризокорон дар маъракаи интихобот ба дарсҳояшон ҳеч таъсире ҳам надорад, чунки интихобот дар кишвар рӯзи якшанбе гузаронида мешавад ва онҳо то интихобот аз дарсҳо озод нестанд.
Кумитаи кор бо ҷавонон муштаракан бо КМИР Тоҷикистон барои ин 10 ҳазор ризокор китоби “Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия кардаанд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки ба хотири кафолати саломатии ин ризокорон талош мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштӣ шадидан риоя шавад.
Инҳо дар 3 ҳвзор участкае, ки барои гузаронидани интихоботи презденти муайян шудааст тақсим карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Собак в Душанбе отстреливают на глазах детей. Но власть это не волнует
Изъятые в рамках борьбы с оргпреступностью Кыргызстана бизнес-активы уйдут с молотка
Ботаническому саду в Худжанде исполнилось 70 лет
Предотвращение и лечения астмы у детей: что должны знать родители?
За день в Таджикистане утонули двое детей. Их тела до сих пор не нашли
Почему Таджикистану важно повышать критическое мышление своих граждан прямо сейчас
В Москве выпал снег
В Кыргызстане запретили привлекать детей к организации массовых мероприятий
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Таджикистане?
Темур Умаров: «Уровень ксенофобии в России достаточно высокий», но «в интересах России спустить конфликт на тормозах»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста