Имрӯз, 1 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт, зарур шумурданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. - Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таъкид гардид, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.
Дар рафти мулоқот ба таври миёни ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Дар ин зимн қайд гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.
Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ вазири турк изҳор доштааст, ки “ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти президенти Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам”.
“Мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем. Ҳарду кишвар арзишҳои умумӣ доранд, ки яке аз онҳо асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки мардумони мо имрӯз аз он баҳра бурда истодаанд», — гуфтааст вазири мудофиаи миллии Туркия.
Хулусӣ Акар рӯзи 29 июн, замоне, ки президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, дар Қирғизистон ҳузур дошт ва ҳайати ҳарбии ин кишварро роҳбарӣ мекард. Дар он ҷо ӯ бо ҳамтои қирғизаш вохӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи ҳарбӣ ва саноати ҳарбӣ, инчунин масъалаи ҳамкориро дар мубориза бо ташкилоти FETO баррасӣ карданд. Рӯзи дигар, 30 июн ӯ бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров вохӯрд.
Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, Хулусӣ Акар таманниёти неки президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғонро ба президенти Қирғизистон расонидааст. Ӯ таъкид доштааст, ки ҷониби Туркия ҳамеша ба ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда ва дар тамоси доимӣ будан бо Вазорати мудофиаи Қирғизистон омода мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я всё еще не могу понять эту актёрскую профессию и ищу в ней что-то неизведанное». Хошиму Гадо 87 лет
Коалиция против пыток в РТ: в 2023 году документировано 16 обращений от предполагаемых жертв пыток
Сотни мигрантов из Таджикистана не смогли получить патенты в Санкт-Петербурге
Таджикистан и Кыргызстан договорились усилить разъяснительную работу в приграничных районах
Таджикистан и США подписали документ о внедрении системы для регулирования передвижения террористов
Как таджикский ветеран нашел своих освободителей из лагеря Освенцима
Таджикистан и Китай планируют модернизацию «Таджикского алюминия», строительство эстакад и реконструкцию дороги до Кульмы
Армения отказалась от финансирования ОДКБ в 2024 году
Дзюдоисты Таджикистана примут участие в двух важных турнирах перед Олимпиадой-2024
В ГБАО сошла лавина, а в Нурабаде – сель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста