Абдусалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав раёсати ҳайати ширкаткунандаи Толибонро бар уҳда дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта амниятро барои тамоми мардуми Афғонистон таъмин намудааст.
“Ҳуқуқи шаҳрвандон таъмин аст ва феълан ҳеқ кас бар асоси қавм, забон ва ҷинсият зери пайгарди қазоӣ нест. Ин ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукумати ҷадид ба расмият шинохта шавад”, - иброз дошт вай.
Ин намояндаи Толибон дар идома гуфт, ки агар ҳукумати ҷадид ба расмият шинохта нашавад, дар Афғонистон гуруҳҳое, ки амниятро халалдор мекунанд, тақвият меёбанд.
“Ҳеҷ гурӯҳеро иҷоза намедиҳем, ки амнияти Афғонистонро халалдор бисозад ва ё бар зидди амнияти кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон аз дохили Афғонистон амалиётеро анҷом бидиҳад”,- гуфт ӯ.
Муовини нахуствазири Толибон мегӯяд, ки “ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон итминон медиҳем, ки Афғонистон ҳеҷ гоҳ қароргоҳи касоне нахоҳад буд, ки онҳо аз хоки Афғонистон амнияти дигар кишварҳоро тахриб бикунанд”.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Толибон даъват кардааст, ки Афғонистонро ба пойгоҳи амал зидди кишварҳои ҳамсоя табдил надиҳанд.
“Русия аз ҳаракати Толибон даъват мекунад, ки қаламрави Афғонистонро ба сифати пойгоҳ барои амал алайҳи кишварҳои ҳамсоя истифода набаранд”, - изҳор доштааст Лавров.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сеюм оид ба Афғонистон дар “формати Маскав” дирӯз дар Маскав баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок намуданд. Намояндагони ҳукумати пешинаи Афғонистон, инчунин Ҷабҳаи муқовимат дар вохӯрӣ ҳузур надоштанд.
Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Вафо Алибек Ниятбекзода намояндагӣ мекунад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
У меня частые кровотечения из носа. Я болею чем-то очень серьезным?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Ночь в музее», магическое шоу и «Золотая антилопа»
«Не забывайте Бога». Абдурозик вернулся в Таджикистан и дал интервью «Азия-Плюс»
OriyonJob - шаг к будущему с «Ориёнбанком»
Глава Крыма предложил запретить мигрантам привозить семьи в Россию
В Душанбе обсудили переход Таджикистана на зелёную экономику
Coca-Cola вдохновляет на добрые перемены: старт кампании в Таджикистане
Запечатлённое мгновение: Таджикистан на исторических фотографиях XIX – начала XX века
Ещё один герой-мигрант в России: он вынес трёх детей из горящей квартиры
Россия – Исламский мир: Казань готовит площадку нового диалога
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста