Имрӯз, 19-уми октябр, зимни нишастӣ хабарӣ дар Бишкек вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов изҳор намуд, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ барқарор намешавад. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.

“Мутаассифона, ин охири ҷанг нест. Чанде пеш бо Дабири кулли СААД Станислав Зас вохӯрда будам. Ба ӯ гуфтам, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ намешавад. Сабабашро ҳам мегӯям. Зеро қирғизҳо ҳам ҳақиқати худро доранду тоҷикон низ”, - иброз дошт вай.

Бекболотов гуфт, то замоне, ки байни кишварҳо як довар, масалан аз ҳамон СААД бо вазифаҳои оташбас ва аз сарҳади давлатӣ дур бурдани техникаи вазнини мусаллаҳ қарор нагирад, мухолифат давом хоҳад ёфт.

“Агар онҳо ин ду масъаларо ҳал кунанд, минбаъд бо онҳо метавон ба ҳалли масоили сиёсӣ - таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо низ даст ёфт. Ин 30 сол не, балки 98 сол давом дорад”, - гуфт ӯ.

Қаблан котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов изҳор дошта буд, ки президенти ин кишвар Садир Жапаров аз сарвари давлати Русия дархост намудааст, ки ба масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон кумак кунад.

Ба гуфтаи Имонқулов, Путин ваъда додааст, ки ин масъаларо баррасӣ намуда, маводҳои ҳар ду ҷонибро меомӯзад ва дертар баҳои ниҳоиро медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Марат Имонқулов таъкид кардааст, дар Маскав ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва харитаҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки метавонанд ба ин қазия ва даргириҳо хотима гузоранд.

Бояд гуфт, ки қаблан Владимир Путин гуфта буд, “Маскав дар бораи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбат ба худи онҳо иттилои дақиқтар дорад”..

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Остонаи Қирғизистон вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия - Владимир Путин, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон - Садир Жапаров баргузор шуд.

Сарони кишварҳо пас аз вохӯрии сеҷониба дар Остона
Сурат: trend.az

Аз рӯи натиҷаҳои он ягон изҳороте пахш нашуда, дар бораи масоили дар ин мулоқот баррасишуда низ маълумоти муфассал нашр нашуд.

Расман танҳо зикр шуд, ки дар баробари дигар масъалаҳо ҷонибҳо инчунин масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.