Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ягона роҳбари давлати хориҷие хоҳад буд, ки рӯзи 9 май барои иштирок дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба Маскав меояд. Дар ин бора “Ведомости” хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ӯро ба пойтахти Русия охири моҳи март муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук даъват кардааст. Оверчук дар ҳукумати Русия ба бахши муносибатҳои байнулмилалӣ масъул аст.

“Мо албатта, ҳамеша дар хотир дорем, ки мардуми Қирғизистон барои ноил шудан ба ин ғалаба ва ҳимояи Маскав чӣ саҳм гузошт, ин барои мо муқаддас аст”, - изҳор доштааст Оверчук зимни изҳори назар доир ба ин сафари Жапаров.

Рӯзноманигорон огаҳӣ ёфтаанд, ки дар ҷараёни сафари Садир Жапаров дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст.

Дар бораи ҷузъиёти сафар нашрия маълумот намедиҳад.

Соли 2022 барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ягон роҳбари давлати хориҷӣ ба Маскав наомада буд. Дар Кремл изҳор дошта буданд, ки роҳбарони давлатҳои хориҷиро даъват накардаанд, менависад Медуза.

“Ин санаи ҷашнӣ нест. Ин иди мост, иди муқаддас барои тамоми Русия ва ҳамаи русиягиҳост”, - гуфта буд он замон сухангӯӣ президенти Русия Дмитрий Песков.

Имсол дар як қатор минтақаҳои Русия тасмим гирифтаанд, ки “бо назардошти вазъи амният аз гузашти низомӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба” даст кашидаанд.

Ғайр аз ин, дар Маскав раҳпаймоии “Полки ҷовидон” (Бессмертный полк) низ гузаронида намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.