Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни боздид аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта изҳор дошт, ки Маскав умедвор аст, ки Душанбе ба зудӣ манфиатҳои пайвастанро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) барои худаш муайян хоҳад кард. Матни суханронии ӯ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.
“Мо умедворем, ки мизбонони тоҷики шумо, ки аз ин қаламрави меҳмоннавоз намояндагӣ мекунанд, ба наздикӣ дар ниҳояти кор манфиатҳои пайвастан ба ИИАО-ро барои худ муайян мекунанд. Рӯйи ин одамон кор карда, механизми махсуси машваратҳо амал мекунад. Ва албатта, мо дар СММ ба кор идома медиҳем”, - иброз доштааст ӯ зимни муроҷиат ба хидматчиёни ҳарбӣ.
Ӯ илова намудааст, ки СҲШ, СААД, ИДМ ва ИИАО як намунаи нави тарҳи таъмини амният ва рушди ҳамкорӣ дар ҷаҳон мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров шоми дирӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар вохӯриҳо масоили таъмини амният дар минтақа ва таҳдтду чолишҳо аз Афғонистон, фаъолнокии низомӣ-биологии ИМА дар паҳнои ИДМ, инчунин ҳалли мушкили марз байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешавад.
Тавре ки қаблан сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода буд, зимни вохӯриҳо баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии Маскаву Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр шуда буд, ки ба масъалаи густариши минбаъдаи ҳамоҳангсозиии амал байни Русия ва Тоҷикистон дар майдонҳои асосии бисёрҷониба бо шумули СААД, ИДМ, СҲШ, инчунин СММ, САҲА ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.





Tarona Music Award - 2025: Скоро зажжём!
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста