Бар асари мушакпартоӣ ва ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос”-и Фаластин ба Исроил беш аз 700 ғайринизомиён, афсарони низомӣ ва пулиси исроилӣ кушта шуданд, беш аз 100 низимӣ ба асорат афтоданд ва дар ин мамлакат вазъи ҷангӣ эълон гардид. Фаластин низ аз садҳо куштаву захмӣ ва фирори ҳазорон сокини осоишта иттилоъ медиҳанд. Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар робита ба вазъ дар Ховари Миёна хостори хотима додани хушунатҳо шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.
“Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд”, - аз ҷонибҳо даъват кардааст ВКХ Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки рӯзи 7-уми октябр, гурӯҳи “Ҳамос”-и Фаластин ба ҷануби Исроил ҳазорон мушак партоб кард ва чанд нафар аъзои он ба Исроил ҳамла карданд.
Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” дар 50 соли охир ба Исроил аст.
Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки рӯзи шанбе дар як ҳамла афроди мусаллаҳи “Ҳамос” ба 22 макон дар ҷануби Исроил, аз ҷумла шаҳракҳо ва ҷамоаҳои хурд дар фосилаи 24 километр аз марзи Ғазза ҳамла карданд. Дар баъзе ҷойҳо онҳо соатҳо сайру гашт карда, вақте ки артиши Исроил барои посух додан ба ин ҳодиса талош мекард, ғайринизомиён ва сарбозонро тирборон карданд. Ҳамзамон, ба сӯи шаҳракҳои ҷануб ва марказ ҳазорон мушак партоб карда шуд.
Мақомоти расмии Исроил рӯзи якшанбе гуфтаанд, ки “бар асари ҳамлаи густурдаи “Ҳамос” ба ҷамоатҳои исроилӣ дар наздикии Ғазза ва бар асари партоби ҳазорон мушак ба сӯи Исроил беш аз 700 нафар кушта шудаанд, ки тибқи гузоришҳо, хунинтарин рӯз дар таърихи ин кишвар аст”.
Дафтари матбуоти ҳукумати Исроил гуфт, ки шумори гаравгонҳо дар Ғазза беш аз 100 нафар будааст.
“Ҳамос” ва Ҷиҳоди исломӣ, гуруҳи дигари фаластинӣ шаби якшанбе хабар доданд, ки ҳудуди 130 нафар аз исроилиёнро гаравгон гирифтаанд ва иддао доранд, ки қисме аз гаравгонҳо хидматчиёни артиш ҳастанд.
Хабаргузории ВВС бо такя ба манобеи худ менависад, ки бар асари ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос 2150 нафар исроилиён маҷрӯҳ шудаанд. Ҷангҷӯёни фаластинӣ ба сӯи Исроил ҳудуди 3300 мушак партоб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол “Ҳамос” ин рақамро беш аз 5000 мушак эълом кардааст.
Мақомоти Фаластин аз кушта шудани 413 нафар аз навори Ғазза ва захмӣ шудани 2300 нафар дар ҳамлаҳои ҷавобии Исроил хабар доданд.
Бояд гуфт, ки Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо инҷониб миёни ҳам муноқиша доранд ва баҳси онҳо сари қаламравҳое аст, ки Исроил онро ба тадриҷ ғасб кардааст.
Исроил пас аз таъсисёбӣ дар соли 1948 то кунун каламравҳои зиёди давлати Фаластинро бо истифода аз зӯр соҳиб шуд ва ин боиси оғози низои давомдор шуд, ки то кунун идома дорад.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста