Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки мегӯяд намояндаи ин кишвар дар Тоҷикистон аст, овозаҳо дар бораи фиристодани дипломати гурӯҳи Толибон* ба Тоҷикистонро рад кард ва номаеро, ки дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, пора намуд.
Дар ин номаи паҳнгардида гуфта мешуд, ки Файзулло ном шахсе ба ҳайси котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст ва зери он гӯё Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон имзо гузоштааст.
Худи Толибон то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.
Зоҳири Ағбар, ки имрӯз, 7-уми ноябр, дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, ба он мактуб ҳеҷ иртиботе надорад ва намедонад, ки он аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шудаву дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст. Ӯ он номаро дар ҳузури рӯзноманигорон намоишкорона пора кард.
Бояд гуфт, ки дар хусуси номаи мазкур аз ҷумла, хабаргузории “Afganistan International” низ иттилоъ дода, навишт, ки “нафаре бо номи Файзулло ба вазифаи котиби аввали ин сафорат таъйин шудааст” ва дар он мактуб аз “сафорати Афғонистон хоста шудааст, то давлати Тоҷикистонро дар бораи таъйини як дипломати нав огоҳ кунад”.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам то кунун дар бораи таъйин ё омадани дипломати Толибон ба кишвар иттилое надодаанд.
Гуфтан зарур аст, ки то кунун як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон, Русия ва Туркия сафоратҳои Афғонистонро ба намояндагони расмии Толибон таслим карда, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд.
Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Махмурод Ашуров после публикации материала «Азия-Плюс» нашёл Назирбиби. Он спас ее 57 лет назад
В Таджикистане открыли 15 комнат поддержки для жертв насилия
Культурные события 2025 года, которые стали знаковыми для Таджикистана
В Узбекистане изъяли 32 кг ввезенных из Таджикистана наркотиков
Рамзан Кадыров назначил своего 20-летнего сына Ахмата на должность вице-премьера Чечни
Хлопок начал дорожать на мировом рынке после длительного периода снижения цен
«Имон Интернешнл» объявляет о беспрецедентном снижении кредитных ставок — до -8%
Таджикистан занял 89-е место в мировом Индексе безопасности женщин
Золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2025 году подорожали почти на 40%
В Нью-Йорке прошло первое судебное заседание по делу Николаса Мадуро. Лидер Венесуэлы заявил о своей невиновности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста