Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба интихоботи президентӣ дар Тайван, ки рӯзи 13 январ баргузор ҳуд, изҳорот нашр кард.
“Тоҷикистон бинобар ба истилоҳ интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршуда, ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" изҳор медорад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад”, - таъкид мешавад дар изҳороти Вазорат, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки “Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст”.
Ба иттилои tengrinews.kz, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ ба ин монанд изҳорот нашр карда, дар он таъкид дошт, ки Қазоқистон “талошҳои ҳукумати Чинро дар мавриди бо роҳи сулҳ муттаҳид шудани кишварро дастгирӣ мекунад.
“Дар робита ба интихобот дар Тайван Қазоқистон бори дигар изҳор мекунад, ки сиёсати “Чини воҳид”-ро дастгирӣ карда, тасдиқ менамояд, ки Чин ягона ҳукумати Қонунӣ буда, таммои Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван қисми ҷудонопазири қаламрави Чин мебошад”, - омадааст дар изҳорот.
Қобили зикр аст, ки дар интихоботи президентии рӯзи 13 январ дар Тайван бо касби 42%-и овозҳо номзад аз Ҳизби ҳокими демократии рушд Лай Тсиндэ пирӯз шуд, ки ҷонибдори мустақилияти Тайван аст.

Ба иттилои расонаҳо, номзад аз ҳизби Гоминдан Хоу Юи, ки ҷонибдори наздикшавӣ бо Чин аст, бохташро эътироф намуд. Ӯ 33%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм аз Ҳизби мардумии Тайванд Кэ Венчже ҳудуди 25%-и раъйҳоро касб кард.
Лай Тсиндэ ноиби президенти амалкунанда буда, пешвои Ҳизби демократии рушд мебошад. Ӯ худро “муборизи амалгаро (прагматикӣ) барои истиқлолияти Тайван” номида, дар ҳамин ҳол, изҳор медошт, ки Тайван аллакай кишвари соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол аст.
Лай Тсиндэ ҳамчунин зикр карда буд, ки ба рушди муносибатҳо бо ИМА ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар идома медиҳад.
Тайван аз соли 1949 аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ идора мешавад. Ин кор пас аз фирори боқимондаҳои неруҳои Гоминдан ба ин ҷо таҳти раҳбарии Чан Кайши баъди мағлубият дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Чин бар зидди пешвои коммунистҳо Мао Тсэдун сурат гирифта буд. Пекин Тайванро як музофоти Чин медонад.



Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста