Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишвар Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, сафир нимаи аввали имрӯз, 29-уми апрел, ба бинои ВКХ даъват шуд.
“Дар нимаи аввали рӯзи 29-уми апрел ба сафири Русия дар Тоҷикистон С. Григорев ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар бораи ҳодисаҳои оммавии зуҳуроти муносибати қатъиян манфӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, инчунин вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо супорида шуд”, - гуфтанд аз ВКХ-и Тоҷикистон.
Дар нотаи эътирозӣ омадааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки ин ба рӯҳ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Дар чанд рӯзи охир ин дуввумин маротиба аст, ки Сергей Григорев ба ВКХ-и Тоҷикистон даъват мешавад. Пештар аз ин, 26-уми апрел, дар пайи банд мондани садҳо тоҷик дар сарҳади Қазоқистону Русия низ ӯ ба ВКХ давъат шуда, нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия расонида шуд.
Дар пайи ин ВКХ-и Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки бе зарурат муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия банд мондаанд. Маъмурони марзии Русия онҳоро мӯшикофона тафтиш ва бархеҳоро умуман иҷоза надода, дубора ихроҷ мекунанд.
Дирӯз, 28-уми апрел, ВКХ-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки то поёни рӯзи 27-уми апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии “Внуково”-и Русия бидуни фароҳам овардани шароити санитарӣ қарор доранд. Миёни онҳо донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд, ки аз ҳисоби квотаҳои таълимии Русия дар ин кишвар таҳсил мекунанд”.
“Аз шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи “Внуково” банд мондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мавҷуда, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба истилоҳ ба “рӯйхати ихроҷ” ворид кунанд. Теъдоди онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафар мебошад”, - гуфта буд Шоҳин Самадӣ.
Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳоди дипломатӣ, чунин бархӯрд аз сӯи маъмурони Русия танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Зимнан, дирӯз, 28-уми апрел, Вазорати корҳои хориҷии Русия ба таври расмӣ дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.
Ҷониби Русия гуфта буд, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.
Бояд гуфт, Русия дар аксари ҳолатҳои ҳассос аз муҳоҷирони тоҷик чун фишанги муҳими таъсиррасонӣ боло Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои худ истифода кардааст. Дар ин бора аз матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” маълумоти бештар пайдо кунед.
Таджикские IT-таланты. Как наши соотечественники покоряют зарубежные платформы
«Репортеры без границ»: в 2024 году в мире погибли 54 журналиста
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Банк Эсхата запустил новый сервис по покупке авиабилетов
В Таджикистане планируют выпускать займы для устранения последствий стихийных бедствий
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста