Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Алматои Қазоқистон рафт. Дар ин ҷо ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тавре ки дар сомонаи СААД хабар дода мешавад, дар ҷаласа тадбирҳо оид ба муоқимат бо таҳдиду чолишҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, инчунин тағйирот дар барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД дар мавриди наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви Созмон барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
То оғози ҷаласа аъзои Шӯрои парлумониии СААД дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди «Оташи ҷовидон» -и маҷмааи ёдгории Шараф иштирок карда, сипас бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вохӯрданд.

Зимни вохӯрӣ президенти Қазоқистон зикр кард, ки санадҳои моделӣ (қолабӣ) таркиби муҳимтарин дар тақвияти фъаолияти Созмон мебошанд.
Ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Игор Сергеенко, Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Алмато ҳузур доранд.
Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоро баррасӣ карданд.
Тавре ки Telegram-канали Думаи давлатии Русия хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот амалисозии қрарҳои сарони кишварҳо дар сатҳи қонунгузорӣ баррасӣ шуд. Дар бораи кадом қарорҳо мушаххасан сухан меравад, хабар дода намешавад.




Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста