Инак, даргирӣ миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн, бо ҳуҷуми нобаҳангоми аввалӣ оғоз шуд, рӯзи даҳум аст, идома дорад. Дар ин муддат Исроил ба шаҳрҳои гуногуни Эрон асосан бо ду шева зарба мезанад: тариқи ҳавопаймоҳои бомбандоз ва ҷосусонаш дар дохили Эрон. Артиши Эрон ҳам ба ин зарбаҳои Исроил бо мушакҳо посух медиҳад ва аз худ дифоъ мекунад. Бо ин собит кард, ки низоми дифои ҳавоии Исроил ҳам заъф дорад ва қобили рахна аст.
Теъдоди куштаву захмиён дар ҳар ду кишвар рӯ ба афзоиш аст. Эрон аз садҳо куштаву ҳазорон захмӣ хабар медиҳад, Исроил ҳам теъдоди кушташудагонашро даҳҳову захмиёнашро ҳазорон гуфтааст.
Дар ин миён, Амрико низ мустақиман вориди даргирӣ шуд ва ба Эрон чанд бомб партофт. Ҳарчанд мақомоти расмии ин кишвар иддаои оғози ҷанг бо Теҳронро рад мекунанд.
Даргирӣ миёни Исроилу Эрон дар Тоҷикистон низ бодиққат назорат ва пайгирӣ мешавад. Тоҷикистон ҳам ҳуҷуми Исроил ва ҳам ҳуҷуми Амрико ба Эронро бо қатъият маҳкум кард. Дар баробари мақомот, ҷомеаи Тоҷикистон низ ба ҳаводиси атрофи Эрон бо назардошти фарҳангу забони муштарак ва равобити бародарии анъанавӣ бо эрониён бархӯрд мекунад.
Дар ин моваро, ҳарчанд пайдо кардани таҳлилгар аз Тоҷикистон, ки ҳозир бошад даргирӣ миёни Исроил ва Эронро ба таври муфассал ва мушикофона шарҳ диҳад, хеле осон ҳам нест, аммо “Азия-Плюс” аз чанд коршиноси тоҷик пурсад:
Ҳадафи аслии Исроил бо оғози ҳамла ба Эрон чӣ аст ва Теҳрони расмӣ то куҷо метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад? Дар ҳоле, ки Исроил бо пуштибонӣ ва шарикии комили аксар кишварҳои ғарбӣ бомбафканӣ мекунад, Эрон дар роҳи дифоъ ба кӯмаки кӣ метавонад умед бандад ва хатари оғози як ҷанги фарогир дар минтақа то куҷо воқеӣ аст?
“Барномаи ҳастаии Эрон як баҳона аст”
Баҳонаи оғози ҷанг аз сӯйи Исроил “дастёбии қарибулвуқӯи Эрон ба силоҳи ҳастаӣ” буд. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил вақти оғози ҷанг бо Эрон таъкид кард, ки то дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ чанд рӯз мондааст. Ин суханҳоро Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки ба таври комил аз ҳар иқдоми Нетаняҳу дар Шарқи Наздик ҳимоят мекунад, низ борҳо иброз дошта буд. Иддаое, ки даҳсолаҳо ба ин сӯ таъкид мешавад, аммо бо ҳич далеле тақвият намеёбад ва собит нашудааст.
Эрон ҳамеша ба ин нукта таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва барои исботи ин суханҳояш ба масъулини Оҷонси байналмилалии энерҷии ҳастаӣ шароити боздид ва арзёбӣ аз таъсисоти ҳастаияшро ҳамеша фароҳам овардааст.
Натоиҷи ин боздидҳову арзёбиҳо ва эътирофи роҳбари Оҷонси байналмилалии энерҷии ҳастаӣ дар бораи “набудани далеле барои дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ” ҳам натавонист пеши роҳи таҷовузи Исроил ва ҳампаймонҳои ӯро ба Эрон гирад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Шарқи Наздик аз Тоҷикистон ба ин назар аст, ки барномаи ҳастаӣ баҳонаест барои фишороварӣ ба Эрон ва роҳбарияти он.
“Ғарб ба ҳеч ваҷҳ наметавонад сиёсати мустақилонаи Эронро дар масоили пайдо намудани мушкилоти Шарқи Наздик, ба хусус, ҳимояи мардуми ситамкашидаи Фаластинро бипазирад”, - зикр кард ин коршиноси тоҷик.

Ба бовари ӯ, дар “шароити кунунии идомаи ҷанги бераҳмона ва мавҳи дастаҷамъонаи мардуми осоиштаи навори Ғазза аз ҷониби режими саҳюнистӣ танҳо Эрон тавони муқобила бо Исроил ва кишварҳои ғарбиро дорад”.
Назруллоҳ Назаров, сафири пешини Тоҷикистон дар Миср, ки солҳо дар Шарқи Наздик фаъолият кардааст, низ ҳамлаи ғофилгиронаи Исроил зидди Эронро амали ноҷавонмардона ва маҳвкунандаи музокироти ҳалли мусолиматомези барномаи ҳастаӣ медонад.
Музокироте, ки солҳо ин ҷониб идома дошт ва ҳатто соли 2015, то замони сари қудрат омадани Доналд Трамп дар Амрико, бо имзои созишнома ниҳоӣ гардида буд. Трамп дар соли 2018 эълон кард, ки аз ин созишномаи якҷо бо панҷ қудрати ҷаҳон ва Эрон имзокардаи ҳукумати қаблӣ хориҷ мешавад, ҳарчанд қудратҳои дигари зери созишнома имзокарда аз раисҷумҳури Амрико хостанд, аз он хориҷ нашавад. Эрон ҳам ба риояи шартҳои созишнома идома дод.
Бояд гуфт, изҳороти мақомдорони Исроил ва Амрико пас аз оғози ҷанг дар Эрон, “баҳонае барои таҷовуз” будани даъвои онҳоро оид ба барномаи ҳастаии Эрон собит мекунад. Нетаняҳу баъди оғози ҳамла ба Эрон изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои аслӣ тағйири низом дар ин кишвар аст.
Дар пайи ин, таблиғи густурда дар расонаҳо бо ҷалби мухолифини низоми давлатдорӣ дар Эрон, аз ҷумла писари Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, шоҳи пешин ва фирории Эрон роҳандозӣ шуд. Трамп ҳам, ки пештар таъкид мекард, “ҳадафаш тағйири низом нест”, пас аз бомбафканӣ ба Эрон аз тағйири низом сухан кард ва суол гузошт, ки “оё вақти тағйири низом дар Эрон фаро нарасидааст?”.
Эрон тани танҳо меҷангад
Дар чунин шароит, вақте Исроил ва Амрико бо шарикӣ ва пуштибонии қавии аксар кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон на танҳо ҷангро идома, балки фишори равониро афзоиш медиҳанд, Теҳрон то куҷо метавонад аз худ сазовор ва шарафмандона ҳимоят кунад?
Раҳматулло Абдуллоев ҳам ба пуштибонии қавии ИМА ва кишварҳои Ғарб аз Исроил ишора карда, таъкид менамояд, ки ҳоло Эрон дар муқобилаи тан ба тан ва дифоъ аз хеш танҳо аст.

“Гарчи Русия, Покистон ва дигар кишварҳо аз Эрон пуштибонӣ намуданд, вале он маънои пуштибонии низомӣ ва расонидани кӯмаки ҳарбиро надорад”, - мегӯяд Раҳматулло Абдуллоев.
Аммо ӯ бо итминон таъкид мекунад, ки Эрон метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад.
“Эрон дар тафовут аз Сурия ва Ироқ тавоноии бузурги иқтисодӣ ва низомӣ дорад ва метавонад барои бадхоҳонаш мушкилоти бесобиқаро ба бор биёрад”, - иброз медорад Раҳматулло Абдуллоев.
Назруллоҳ Назаров ҳам бештар ба пуштибонии сиёсии Эрон аз сӯйи кишварҳои Русияву Чин ва давлатҳои арабӣ ишора карда, ба тақвияти он аз ҷониби кишварҳои исломӣ таъкид мекунад.

Даҳ рӯзи ҷанги Исроил бо Эрон собит кард, ки Эрон тавони посухи сазовор ба ҳар гуна таҷовузро дорад. Ҳоло мушакҳои партобкардаи Эрон низоми дифои ҳавоии Исроил - “Кулоҳи пӯлодӣ”-ро рахна мекунад ва ба ҳадаф мерасад.
Вале ҳарду коршиноси тоҷик ба мавқеи муҳимми кишварҳои арабӣ ишора мекунанд, ки дар ин даргирӣ метавонад тақдирсоз бошад. Таъкид мегардад, ки дар сурати тавофуқи кишварҳои арабӣ ва Эрон, Исроил тавони муқобила бо ин нерӯро надорад. Тавофуқе, ки ҳосил шудани он душвор ва ба эҳтимоли зиёд ғайривоқеӣ менамояд.
Хатари ҷанги давомдор дар минтақа
Идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва пайвастани Амрико ба он, посухҳои Эрон ба Исроил ва таҳдиди ҷавоб ба зарбаҳои Амрико хатари домангустарии ҷангро дар минтақа бештар кардааст. Ҳарчанд кишварҳои минтақа ошокоро аз тасмими ҳамроҳшавӣ ба ин ҷанг сухан намекунанд, аммо ишораҳое дар ин замина шунида мешавад.
Назруллоҳ Назаров мегӯяд, идомаи ин набард метавонад тамоми минтақаро оғӯштаи хун кунад.
“Хатари фарогирии ҷанг воқеӣ аст ва идомаи ин даргириҳо метавонад ба вазъи минтақа, ки басо осебпазир аст, хатарафзо бошад”, - таъкид мекунад Нарзуллоҳ Назаров.

Аммо Раҳматулло Абдуллоев баръакс, бовар дорад, ки имконоти сар задани ҷанги фарогир дар Шарқи Наздик кам аст, зеро аксари кишварҳо дар амал сиёсати бетарафиро ихтиёр намудаанд.
“Эҳтимоли амалӣ намудани таҷовузи муштараки Исроил ва кишварҳои ҳампаймон аз Ғарб алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёд нест. ИМА ва Ғарб аз такрор ёфтани фоҷиаи нав ба мисоли Афғонистони солҳои 2001-2021 ҳарос доранд”, - мегӯяд Раҳматулло Абдуллоев.
Дар ин миён, ҷанги Эрону Исроил, ки инак, даҳ рӯз аст идома дорад, амалан ҳич гоҳ қатъ нашудааст ва рӯз аз рӯз шиддат меёбад. Пайвастшавии Амрико ба ин ҷанг ва пуштибонии комили ин кишвар аз Исроил вазъро боз ҳам печидатар кардааст. Ҳоло талаби Исроил натанҳо маҳви барномаи ҳастаии Эрон, ҳамчунин тағйири низом дар ин кишвар аст. Амрико ҳам якҷо бо маҳви комили барномаи ҳастаӣ, аз Эрон таслими комил мехоҳад. Эрон ҳамеша таъкид кардааст, ки ҳарфи таҳдиду зӯрро намепазирад ва аз худ дифоъ мекунад.
Дар ин миён, талоши кӯчаки дипломатӣ дар роҳи қатъи даргирӣ, ки мушоҳида мешавад, зоҳиран бесамар аст. Зеро изҳороти дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ ҳамеша тавъам бо таҳдиду зӯр садо медиҳад ва айни чунин посух аз сӯйи дипломатҳои эронӣ ироа мегардад.
Ҳамчунин, дар ҳоле, ки талошҳои дипломатӣ барои ҳалли мусолиҳатомези барномаи ҳастаии Эрон идома дошт, вақте, ки вазири умури хориҷии Эрон дар шаҳри Женеваи кишвари Суис бо ҳатоёнаш аз Олмону Фаронсаву Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот мекард, бомбборони Эрон ва посух ба он қатъ нагардида буд. Бештар аз ин, вақте Эрон аз қатъи бомборон ва талоши дипломатӣ сухан кард, Амрико болои таъсисоти ҳастаияш пурқудраттарин бомбҳояшро андохт ва зоҳиран, ҳадафмандони вазъро печида кард.
Абарқудратҳои дигари ҷаҳон, мисли Чину Русия ҳарчанд ҳамла ба Эронро аз сӯйи Исроил ва Амрико маҳкум карданд, аммо бисёр эҳтиёткорона ва бо назардошти манофеи хеш рафтор мекунанд.
Дар чунин ҳолат, маълум нест, ки ин ҷанги оғозкардаи Исроил то кай давом мекунад ва барои ин кишвар ва Эрону минтақа бо чӣ паёмадҳо меанҷомад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Амрико бо ҳампаймонҳои худ соли 2003 ҳам бо баҳонаи маҳви барномаи ҳастаии Ироқ ба ин кишвар ҳамла кард ва баъди кушта шудани ҳазорҳо тан ва харобиҳои зиёд маълум шуд, ки ин кишвар дорои силоҳи ҳастаӣ нест.





Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Энерголимит в Таджикистане добрался до электромобилей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста