Ҳукумати Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба парлумон пешниҳод намуд. Онҳо ба такмили механизми эъломиясозии даромадҳои мансабдорони давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо равона гардидааст.
Бино ба иттилои сомонаи рсамии паатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун раиси кумитаи МН МО ҶТ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода қайд кард, ки лоиҳаи тағйироту илова аз ҷониби ҳукумат ьаҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, кибо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз он такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдорӣ давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор аст.
Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи кафолатӣ байни Тоҷикистон ва БАТР оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Кӯлоб ва БАТР оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои Шӯро ҳамчунин Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб, Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ва лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро низ баррасӣ карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как таджикистанцам дешевле добраться до Мальдив?
Что надо знать, если вы собрались в горы в Таджикистане на велосипедах
Вакцинация против вируса папилломы может спасти от рака шейки матки. Когда ее начнут делать всем в Таджикистане?
Где научиться плавать в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 июня 2024 года
С праздником Иди Курбон!
Иди Курбон-2024: Что нужно знать о самом главном празднике в исламе?
Суд в Бишкеке оправдал обвиняемых по Кемпир‑Абадскому делу
Как и для кого работает Центр реабилитации инвалидов в Душанбе?
Опасность схода селей сохраняется, пострадавшие ранее от стихии получили помощь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста