Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории президент аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта,  Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид” шинос ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан кард.

1/19

Сипас Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос ва бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дод.

Майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, масоҳати умумии иншоот 0,16 гектарро дар бар мегирад.

1/5

Дар идома дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ - Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард. Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метрро ташкил менамояд.

1/10

Дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшида шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳалли Холназар Достиев бунёд гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, ба 78 писарону духтарони ятим сару либосӣ мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуд.

1/10

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуд.

1/8

Дар фарҷом президенти ҷумҳурӣ аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшид. Боғи мазкур бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии бунёд гардидааст.

Дар маркази боғмуҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ - Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст. Пешвои миллат парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.

1/15

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант ташриф оварда дар он ҷо ду агрегати неругоҳи барқиоби “Сарбанд”-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.