Имрӯз, 1-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.
Шарифхон Сафарзода дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб аз 25 июли соли 2022 фаъолият дошт.
Бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд. То ин замон, Хусрав Дамонзода ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолият дошт.
Ҳамин тавр, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки ба ҳайси муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардид.
Ҳоло маълум нест, ки Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба кадом вазифа таъин гардидааст.
История третья: Как женщин в Таджикистане дискриминируют в судебных органах
«Банк Эсхата» – первый подтверждающий банк в Таджикистане по программе TFP AБР
Таджикистан собрал почти 1 миллион тонн картофеля
В Узбекистане намерены наладить производство 50 самых востребованных лекарств
Благодаря помощи правительства Японии в роддомах в Худжанде и Бободжонгафурове стало тепло
Зачем таджикистанцы ходят к гадалкам и колдунам?
Как Нилуфар Пирова через творчество и социальную активность меняет мир вокруг себя
В Европе захотели уничтожить сотни тысяч тонн кофе и какао
Резервный фонд президента Таджикистана получит в 2024 году $51,5 миллионов бюджетных денег
Таджикистан выиграл 4 бронзы на чемпионате мира по курашу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста