Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон эълон мекунад, ки аз 31 август то 10 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.

Дар эълон қайд мешавад, ки ҳадаф аз гузаронидани амалиёт пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

«Амалиёт ба баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо нигаронида шудааст», - қайд мешавад дар эълон.

Зимнан аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагони дархост мешавад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.