Мақомоти пулиси федералии Ироқ дар бораи аз байн бурда шудани «нишонзан (мерган)-и асосӣ»-и гурӯҳи террористии Давлати исломӣ дар шаҳри Мавсил маълумот дод. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии Al Mayadeen бо такя ба пулиси Ироқ, ин ҷангии масъул ба омода кардани нишонзанҳо (снайперҳо)- Давлати исломӣ эҳтимол зодаи Русия бошад.

Қаблан фармондеҳи Пулиси федералӣ генерал Раид Шакер дар бораи маҳв кардани фармондеҳи саҳроии Давлати исломӣ Хаҷар р-Русӣ иттилоъ дода буд, ки ӯ ҳам шояд шаҳрвандии Русияро дошт.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷангӣ дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои ҳукумат дар маҳаллаҳои ғарбии шаҳри Мавсил кушта шудаанд.

Охири ҳафтаи гузашта маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов бар асари зарбаҳои ҳавоӣ маълумот дод, аммо дар ВКД Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ накарда, изҳор доштанд, ки Ҳалимов то ҳол мавриди пайгарди Интерпол қарор дорад.