Аз рӯи далели ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои “терроризм” ва “одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, рӯзи 29 июл гурӯҳи ҷинояткорон дар роҳи мошингарди қаламрави ноҳияи Данғара бо автомашинаи сураъаташ баланд ба 6 нафар сайёҳи хориҷии велосипедрон ҳуҷум карданд.
“Пас аз онҳоро зада аз по афтонидан, 3 нафари ин ҷинояткорон аз автомашина берун баромада, бо мақсади куштан бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд”, - омадааст дар маълумоти прокуратура.
Гуфта мешавад, дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 2 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Нидерландия ва 1 шаҳрванди Швейтсария дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар – шаҳрвандони Нидерландия ва Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.
Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят 5 нафар боздошт ва 4 нафар аъзои гурӯҳӣ ҷиноятпеша кушта шуданд.
Тавре Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафарҷон ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.
“Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс – аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд”, - хабар дода мешавад дар маълумот.
Муайян гардидааст, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот таҳти роҳбарии бевоситаи Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод босуръат идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, ҳама ҷинояткорон дастгир карда шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Собак в Душанбе отстреливают на глазах детей. Но власть это не волнует
Изъятые в рамках борьбы с оргпреступностью Кыргызстана бизнес-активы уйдут с молотка
Ботаническому саду в Худжанде исполнилось 70 лет
Предотвращение и лечения астмы у детей: что должны знать родители?
За день в Таджикистане утонули двое детей. Их тела до сих пор не нашли
Почему Таджикистану важно повышать критическое мышление своих граждан прямо сейчас
В Москве выпал снег
В Кыргызстане запретили привлекать детей к организации массовых мероприятий
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Таджикистане?
Темур Умаров: «Уровень ксенофобии в России достаточно высокий», но «в интересах России спустить конфликт на тормозах»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста