Соли гузашта дар Тоҷикистон бо иштироки ноболиғон 907 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 31% бештар аст, хабар доданд дар нишасти матбуотии рӯзи 29 январ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Соли гузашта дар кишвар дар маҷмӯъ 21 ҳазору 957 ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 0,3% камтар мебошад.

Сабаби асосии болоравии сатҳи ҷиняткорӣ миёни наврасону ноболиғонро дар Прокуратураи генералӣ бо он маънидод карданд, ки беш аз 90%-и ноболиғони ба қонушиканиҳо дастзада аз таҳсил дур монда, зери назорати волидон қарор надоранд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон зиёда аз 2,2 ҳазор нафар волидон ҷарима шуда, нисбати 123 нафар волидони монеъагузор ба таҳсили фарзандон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буданд.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки вазъ дар бахши ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши замин низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

“Роҳбари яке аз ҷамоатҳо давоми се моҳи кораш ба фурӯши ғайриқонунии 50 қитъаи замин фурсат ёфтааст, ки гувоҳи дар кадом миқёс қарор доштани чунин ҷинояткориҳост”, - зикр карданд дар Прокуратураи генералӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.