Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Афғонистон ва Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти мақомти марбутаи кишварҳо имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, зарфи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони КҲФ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот бо истифода аз як силсила таҷҳизотҳо ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд.
Гуфта мешавад, дарсҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд ва он аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дарсҳои омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки ин шакли дарс имкон медиҳад, ки мутахассисон аз таҷрибаҳои якдигар низ омӯзанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как стать студентом в Китае, шаги для поступления и необходимые документы
В Бободжон Гафурове задержали более 50 колдунов и гадалок
Прокурор МУС запросил ордер на арест Нетаньяху
Таджикистан и Кыргызстан обсудили безопасность на границе
Что гибель Ибрахима Раиси значит для политической системы Ирана
Почему Таджикистану не хватает мяса?
Россия планирует запустить производство лекарств в Таджикистане
Стоимость эстакады в Душанбе составит почти 28,5 миллионов евро
Сели в Таджикистане нанесли урон дорогам, сельхозугодьям и домам
В Таджикистан уже не страшно вкладывать инвестиции?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста