Барои таъмини амният зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 26 июл дар Исфара, ба ин ҷо аз Душанбе нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳо роҳҳо ба самти Исфара аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баста шуда, дар онҳо посгоҳҳои иловагӣ гузошта мешаванд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар давраи ҳузури Сооронбой Жээнбеков дар Исфара сохторҳои қудратии Қирғизистон сарҳадро дар ин самт ҷиддиву бо нерӯҳои иловагӣ посбониву назорат мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки мавзӯи асосӣ дар вохӯрии сарони давлатҳо аввал дар Исфара ва сипас дар Ворух таъмини сулҳу субот дар сарҳад ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон роҳи мошингарди Ворух - Исфара боз буда, ҳукуматдорони Тоҷикистон дирӯз захмиёни ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух бароварданд.

Ҳамчунин қитъаи роҳи Исфана - Ош низ баъди гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.