Ӯзбекистон изҳор дошт, ки қаламрави ҳаммарзи худро бо Тоҷикистон аз минаҳо безарар гардонидааст.
“Поккории сарҳади ду кишвар аз минаҳо танҳо бо нерӯю воситаҳои Ӯзбекистон сурат пазируфт”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро дар ин кор рад кард, зеро поккорӣ аз минаҳо танҳо дар қаламрави ҳамсоякишвар гузаронида шуд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва гуфтушуниди ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 поксозии сарҳадоти муштарак аз минаҳоро ба итмом мерасонанд.
Ӯзбекистон қитъаҳои кӯҳистони сарҳадоти мушатарак бо Тоҷикистонро дар охири солҳои 90-уми асри гузашта минакорӣ карда буд. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дод, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.
Тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон, тайи 20 соли охир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 тоҷикистонӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин фоҷиаҳо натанҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар дохили ҷумҳурӣ низ рух додаанд. Дар бораи теъдоди одамони фавтида аз таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти дақиқ дастрас нест.
Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какие проверки проходят водители автобусов в Таджикистане перед, тем как выйти в рейс?
Генпрокуроры Таджикистана и Турции обсудили задержание и экстрадицию таджикских граждан, находящихся в розыске
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста