Мутахассисони ширкати байнулмилалии Global Firepower (GFP) рейтинги нави иқтидори низомии кишварҳои ҷаҳон (Military Strength Ranking)-ро нашр кард.
Ба мисли аввали сол Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 99-умро ишғол мекунад, лекин ҳозир дар рейтинг ба ҷойи 138 кишвар, ки дар моҳи январ буд, 140 давлати ҷаҳон зикр шудааст.
Дар рейтинг гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар хидмати ҳарбӣ адо мекунанд, ки ҳудуди 0,1% аз шумори умумии аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки артиши Тоҷикистон 25 адад авиатсияи ҳарбӣ, аз ҷумла 20 чархбол, инчунин 253 танк, 400 мошинҳои зиреҳпӯш, 80 низоми реактивии оташфишонии шилликӣ (гаубитса) ва 125 проекторҳои мушакӣ дорад.
Бинобар сабаби роҳи мустақими баромадан ба баҳрро надоштан, ҷумҳурӣ Флоти ҳарбии баҳрӣ надорад.
Мувофиқи радабандӣ, қавитарин артиш дар Осиёи Марказӣ неруҳои низомии Ӯзбекистон арзёбӣ шудаанд, ки зинаи 51-умро дар ҷаҳон касб кардаанд.
Қазоқистон дар зинаи 61-ум, Туркманистон - 86 ва Қирғизистон - дар мақоми 93-ум қарор гирифтаанд.
Дар сегонаи аввали радабандӣ ИМА, Русия ва Чин ҷойгир шудаанд.
Дар даҳгонаи аввал аз рӯи иқтидори ҳарбӣ Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Британия, Бразилия ва Покистон низ ҷойгиранд.
Зинаҳои охири рейтингро Либерия, Косово ва Бутан (140) ишғол кардаанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки артиши толибони Афғонистон тобистони имсол артиши қавитарини ҷаҳонро бо эътилоф маҷбур ба тарки ин кишвар кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.