Дар гуфтушунидҳои ахири марзӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки протоколи шумораи 3-ро, ки 1 майи соли 2021 ба имзорасида буд, иҷро мекунанд.
Дар ин бора дар брифинге пас аз гуфтушунидҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳорот дод.
«Мо ба тавофуқ расидем, ки дар замони гуфтушунидҳо бояд санадҳои бунёдиеро, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо ба имзо расидаанд, ба эътибор бигирем. Мо мувофиқа кардем, ки талаботи протоколҳо бояд башиддат иҷро шаванд",- изҳор кард Ятимов.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки пас аз 8 рӯз ба иҷрои протоколе, ки 1 майи 2021 имзо шуда буд, мепардозанд.
«Бар асоси нуктаҳои имзошудаи ин пртокол кор мекунем, ки қаблан садо дода буданд. Дақиқан баъди рӯз кори комиссияҳои муштараки корҳои топогрфиву ҳуқуқӣ оғоз мешавад. Ин кор бидуни таваққуф барои ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла таъйину аломатгузории марзи давлатӣ пеш бурда мешавад. Дар замони наздик мо дигарбора мулоқот мекунем ва кори ин комиссияро баррасӣ мекунем", - хабар дод Ятимов.
Генерал Ятимов афзуд, ҳарчанд имрӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳо протоколе ба имзо нарасид, аммо чизҳое аст, ки болотар аз протоколанд.
«Мо қавл додем, дасти якдигарро фишурдем, ки он чиро ки имзо кардему ба тавофуқ расидем иҷро мекунем. Ин масоил бидуни баҳс манофеи ду мардуми бародарро дар бар мегиранд», - таъкид кард раиси КДАМ Тоҷикистон.
Мвод такмил мешавад.
Сталинабадские островки милосердия. Где в Душанбе располагались эвакогоспитали в годы ВОВ?
«FORMULA55» стала генеральным спонсором ФК «Истаравшан»
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Душанбе?
Путин поручил провести учения с применением ядерного оружия
Президент Таджикистана произвел перестановки в ряде ведомств (ДОПОЛНЕНО)
Мама плохого не посоветует. О сепарации в таджикском обществе
ООН решила отметить Международный день винторогого козла
В Таджикистане военного парада в честь Дня победы не будет
В Душанбе открылся офис представительства турецкой сети клиник ACIBADEM
Жертвами стихии в Таджикистане стали три человека
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста