Гуфтушуниди ҳайатҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи имрӯз, 12-уми март дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара оғоз шуда буд, баъди тақрибан ҳафт соат анҷом ёфт. Миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар протокол имзо шуд ва раисони вилоятҳои Суғду Бодканд ҳам дар чанд масъалаи марбут ба кишоварзӣ ба тавофуқ расидаанд.
Бояд гуфт, ки музокироти ҳайатҳои низомӣ ҷудогона ва мулоқоти раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз ҷудогона сурат гирифтааст. Аз ҷумла тавофуқ шудааст, ки ҷонибҳо дигар аз паҳпод (дрон)-ҳо дар нуқтаҳои марзӣ истифода намебаранд.
Дар ин гуфтушунид миёни фармондеҳони нуруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон Уларбек Шаршеев протоколе ба имзо расидааст. Мулоқоти фармондеҳон паси дарҳои баста сурат гирифт ва чанд соат тӯл кашид. То кунун ҷонибҳо расман иттилоъ надодаанд, ки дар чӣ хусусе ба созиш расидаанд.
Аммо яке аз мансабдорони баландпояи ҳукумати вилояти Суғд, бархе аз нуктаҳои протоколи имзошударо дар суҳбат ба “Азия-Плюс” шарҳ дод. Вале ӯ гуфт, ки мушаххасан намедонад, ки дар бандҳои протоколи имзошуда бобати кадоме аз масъалаҳои марзӣ ҷонибҳо ба созиш расидаанд.
“Фармондеҳони неруҳои марзбонӣ изҳори боварӣ намуданд, ки амнияти ҳарду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад. Минбаъд марзбонони ҳар ду кишвар натиҷаи созишномаи ҳосилшударо риоя мекунанд, то мардум орому осуда дар хатти сарҳад зиндагӣ кунанд”-, мазмунан шарҳ дод, манбаъи “Азия-Плюс”, ки дар макони ба имзо расидани протокол қарор дорад.
Ба ҷузъ фармондеҳони неруҳои марзбонӣ, ҳамчунин имрӯз раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев бо ҳузури муовинони вилоятҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз сари мизи музокирот нишастанд.
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд ва яке аз ширкаткунандагони ин гуфтушунид дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҷузъиёти протоколи имзошудаи фармондеҳони неруҳои марзбонӣ хабар надорад, чун дар ҷараёни он иштирок надошт. Вале ӯ ҷузъиёти чанде аз мавзуъҳои ба тавофуқрасида миёни раисони Суғду Бодкандро шарҳ дод.
Зоҳидзода мегӯяд, раисони вилоятҳо асосан дар масъалаи кишоварзӣ, корҳои хоҷагӣ, тоза кардани каналҳо, обрасонӣ суҳбат карданд, вале дар ин хусус миёни онҳо ягон санаде имзо нашудааст.
“Ба мувофиқа расидем, ки гуруҳҳои корӣ дар доири корҳои кишоварзӣ, ҳафтаи оянда рӯзи чаҳоршанбе дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, идораҳои кишоварзӣ, хоҷагии об вохӯрӣ мекунанд. То дар оянда пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шавад, чун сабаби асосияш корҳои кишоварзӣ, обу замин мешавад. Барои ҳамин ба ин чиз ба мувофиқа расидем ва корбарӣ дар ин самт идома мёбад”- гуфт муовини раиси вилоят.
Вай ҳамзамон илова кард, ки дар масъалаи тоза кардани каналҳо, корҳои кишоварзӣ бояд ҷонибҳо дар марз ҳамдигарро огаҳ карда, баъд ба кор бипардозанд. Раисони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад супориш гирифтанд, ки бо раисони ҷамоатҳои ҳаммарз кор кунанд ва бо мардум корҳои фаҳмонидадиҳӣ бигузаронанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ваъда кардаанд, ки ба кори рабудани чорвои якдигар аз сӯйи сокинон хотима медиҳанд ва дар сурати сар задани ин масоил онро дар сатҳи раисони маҳаллӣ ҳал мекунанд.
Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвари ҳамсоя, субҳи имрӯз бар пайи тирпаронии ду рӯзи ахири неруҳои марзбонии қирғиз ба сӯйи марзбонони тоҷик ва чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара оғоз шуда буд.
Бар асари тирпаронии рӯзи 10-уми марти неруҳои Қирғизистон як марзбони тоҷик, Сунатулло Маҳмадов, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кушта шуда буд ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.
Ҳамчунин неруҳои Қирғизистон нимашаби 11-уми март чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистонро мавриди тирборони яксоата қарор дода буданд, ки далелаш то кунун маълум нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста