Дар Тоҷикистон ҳоло ягон ҳодисаи сироят аз сурхакони маймун ба қайд гирифта нашудааст, итминон доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
“Айни замон бар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷиҳати пешгирии вуруди ин сироят ба кишвар тадбирҳои зарарӣ рӯйи даст гирифта мешаванд. Вазорати тандурустӣ ба баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар бораи беморӣ аз ин сироят оғоз намуд”, - таъкид доштанд дар ин ниҳод ва аз тоҷикистониён даъват карданд, ки ба таҳлука наафтанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки дар Вазорат зикр карданд, дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ қаблан баҳри пешгирии сироят аз коронавирус тадбирҳо андешида шуда буданд ва “ин чораҳо ҷиҳати пешгирии вуруди ҳама гуна сироят ба кишвар то ҳол идома доранд”.
Дар ҷаҳон вазъият чӣ гуна аст?
Дар Русия ҳоло ин сироят сабт нашуда, бо вуҷуди ин дар баъзе фурудгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳи шаҳри Красноярск назорати карантинӣ тақвият дода шудааст.
Бино ба маълумот дар сомонаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, айни замон 92 ҳолати гирифторӣ ба сирояти сурхакони маймун тибқи ташхиси озмоишгоҳ тасдиқ шуда, ташхсиҳои 28 нафари дигар таҳқиқ мешаванд.
Созмон ҳушдор медиҳад, ки минбаъд шумори беморон афзуда, ҳолатҳои ин беморӣ аллакай дар 15 кишвар ошкор шудааст.
Одамон аз ҳама бештар дар Португалия, Испания, Бритониёи Кабир (аз 21 то 30 ҳолат) сироят ёфта, гирифторӣ ба ин беморӣ дар сокинони Австрия, Австралия, Белгия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Нидерланд, Шветсия ва ИМА тасдиқ шудааст.
Гуфта мешавад, аксарияти ҳолатҳои сироятёбӣ ба сафар ба кишварҳои хориҷӣ вобаста нестанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Исроил ва Швейтсария нахустин сироятёфтагон шахсоне мебошанд, ки чанде пеш аз сафари хориҷа баргаштаанд.
Дар СҶТ хабар додаанд, ки то имрӯз ягон ҳолати фавти вобаста ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.