Дар яке аз роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло (Ниёзов) мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифт.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҷабрдида Х. Атовулло дар робита ба ин қазия изҳор кард, ки ҳангоми ҳаракат ба самти микрорайони 102-юм ҳамроҳи ду нафар дӯсташ як автомашинаи тамғаи «ВАЗ-06»-и рангаш сафед ӯро думболагирӣ карда, дар маҳаллаи Зарафшон роҳи ҳаракати мошини онҳоро бастааст. Сипас аз дохили мошин се нафари мусаллаҳ бо дубинкаҳо ва чаҳор нафари дар роҳ аллакай онҳоро мунтазирбуда ӯ ва ҳамроҳоашро мавриди латукӯб қарор додаанд.
Сардабири ҳафтавори «Фараж» мегӯяд, ҳамаи онҳо ҷавон буданд ва мутмаин аст, ки ин амал қаблан тарҳрезишуда аст, зеро ин автомашина онҳоро аз худи манзили зист думболагирӣ дошт.
Дар ҳамин ҳол, журналист наметавонад тахмин бикунад, чӣ сабабе ба латукӯби ӯ боис шудааст. Ҷабрдидагон рақами автомашинаро дар хотир нигаҳ доштаанд. Ин маълуот хамроҳ бо ариза ба ШКД-и ноҳияи Сино супурда шудааст, вале Х. Атовулло мегӯяд, дар он ҷо ба ин ҳодиса он қадр таваҷҷӯҳе ҳам накардаанд.
«Ман ба онҳо рақами автомашинаро, ки тавассути он метавон дарҳол соҳиби онро муайян кард, пешниҳод кардам, вале ба ман гуфтанд, ки фардо ба ин кор машғул хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигор Х. Атовулло дар Маркази тиббии Қарияи Боло қарор дошт. Бар асари латукӯб журналист аз дасту пояш ҷароҳат бардоштааст.
Хабарнигорони ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш карданд, ки бо корманди ШКД-и ноҳияи Синои пойтахт Фарҳод Ҳайдаров, ки ба баррасии аризаи Х. Атовулло машгул аст, дар тамос бишаванд, аммо муфаттиш дар ҷойи кориаш ҳозир набуд.
Доходы от гравия важнее безопасности людей? Жители затопленной махалли Вахдата жалуются на халатность чиновников
Какие иностранные специалисты смогут получить разрешение на ВНЖ в Казахстане?
Кто стал чемпионом Душанбе по шахматам?
«Душанбе Сити Банк» представляет новую карту VISA Gold
Скончался легендарный диктор таджикского радио Лолахон Саттори
ИИ, созданный в Таджикистане, признан лучшим в ОАЭ
Работа в Великобритании: Минтруда Таджикистана призывает не обращаться к нелицензированным компаниям
Таджикский Айболит «Формулы-1»
Помощь при ожогах, прогноз погоды и кнопка спасения: КЧС Таджикистана разработал мобильное приложение
Как Программа глобального лидерства лабораторий помогает повысить качество проводимых исследований в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста