Журналисти шинохтаи тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода ба  Ҳ укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба пешвои Ҷунбиши миллӣ озодихоҳӣ дар Тоҷикистон ва бунёнгузори созмони мардумии «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад.

Дар муроҷиатнома, ки тавассути ВАО 22-юми июн паҳн гардидааст, Комилзода қайд мекунад, ки дар ин охир ба ватан бозгардондани шоири маъруф Бозор Собир аз иқдомҳои арзишманди Ҳукумати кишвар дар ин раҳгузар шинохта шудааст ва қадршиносии Ҳукумати ҶТ дар қиболи фарзандони муборизи ватан чун Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ва ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор донистани онҳо низ аз иқдомҳои арзишманди Ҳукумат дар солҳои охир шинохта шудааст.

«Қобили тазаккур аст, ки талошҳои фарзанди арзандаи миллат Тоҳири Абдуҷаббор, дар ростои расидан ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон ва ҷойгоҳи забони модарии мо камтар аз муборизаи фарзандони номбардори зикршуда нест. Насли калонсол ва сиёсатмардони кишварамон ба хубӣ ёд доранд, ки ӯ дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои Олии пешин, дар майдонҳои муборизаи сиёсӣ ва ҳатто дар Порлумони вақти Шӯравӣ барои ин ормонҳои миллӣ ва ҷойгоҳи давлати Тоҷикистон пайваста ва якрӯ мубориза мекард. Ба ҳамин далел, ӯ пас аз эъломи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон ҷабҳаи худро, ки ҳадафи аслии онро танҳо аз расидан ба ин истиқлолият медонист дар баробари мардуми кишвар пирӯз мехонд. Фаромӯш набояд кард, ки пас аз касби истиқлолият, ӯ ба унвони яке аз роҳбарони аслии ҷунбиши демократӣ ва озодихоҳӣ дар замони гирудорҳои сиёсӣ ва низомӣ ба ҳеч тарафи мухолифу ба ҳам рақиб, аз ҷумла ба ИНОТ ҳамроҳ нашуд ва худро марбут ба мардуми Тоҷикистон медонист», - қайд кардааст Аҳмадшоҳ Комилзода.

Ӯ ёдовар шудааст, ки хидматҳои Тоҳири Абдуҷаббор дар таҳияи лоиҳаи консепсияи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон хеле арзишманд шинохта шудааст, ки дар солҳои баъдӣ нуктаҳои арзишманди пешниҳодҳои ӯ ҳам дар консепсияи истиқлолият ва ҳам дар таҳияи қонунҳои дигари кишвар ба таври васеъ истифода шудаанд. Тоҳири Абдуҷаббор аз мубтакирони аввалин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ, маориф, иҷтимоиёт ва дигар арсаҳои зиндагии кишвар аст, ки онҳо ба Ҳукуматҳои пешин пешниҳод ва дар матбуоти он солҳо дарҷ шудаанд.

«Бо дарназардошти ин нуктаҳо ва иқдомҳои арзишманди Ҳукумати кишварамон ба Тоҳири Абдуҷаббор додани унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» гоми дигари қадршиносии давлати мо дар баробари фарзандони муборизаш хоҳад буд. Қадршиносӣ аз ин шахсият аз таниши афзояндаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар кам мекунад ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад намуд», - омадааст дар матни муроҷиатнома.

Аҳмадшоҳ Комилзода ҳамзамон дар Facebook  бо ёдоварӣ аз касби мақоми давлатии забони тоҷик ӣ  дар соли 1989 зикр месозад, ки Тоҳири Абдуҷаббор дар ин росто талошҳои беназир ва бесобиқа кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи порлумони Тоҷикистон моҳи июли соли 1989, ки чанд рӯз давом кард, нахустин касе, ки ба унвони донишманди Фарҳангистон дар миёнҷои толори порлумон аз мақоми давлатии забони порсии тоҷикӣ сухан гуфт, Тоҳири Абдуҷаббор буд. 

«Ман, ки дар ин ҷаласа ширкат доштам, шоҳиди он будам, ки он лаҳзаҳо намояндагони порлумони вақт аз ҷуръат, қотеъият ва салоботи сухани порсӣ-тоҷикии Тоҳири Абдуҷаббор ҳайратзада шуда буданд», - менависад журналист.

Ёдовар мешавем, соли 2011 Аҳмадшоҳи Комилзода маҷмуъи мақолаҳои расонаҳо ва соҳибназаронро дар бораи андешаҳо, фаъолият ва шахси Тоҳири Абдуҷаббор ҷамъоварӣ карда, китоби «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон»-ро бо теъдоди 500 адад аз чоп баровардааст.