Ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба видеохостинги Youtube-ро боз қатъ карданд, вале Хадамоти алоқа изҳор мекунад, ки ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба он дастур надодааст.
Чанде аз корбарони интернети Тоҷикистон хабар доданд, ки аз субҳи рӯзи 9-уми июл ба видеохостинги Youtube дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети Сатурн Онлайн, Вавилон Т, Мегафон Тоҷикистон, Телеком Техноложи, Tcell ва ғайра мебошанд.
Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» қатъи дастрасӣ ба видеохостинги Youtube дар Тоҷикистонро тасдиқ намуда, илова кард, ки рӯзи 9-уми июл бидуни шарҳи сабаб дар ин бора Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ додааст.
Аммо дар Хадамоти алоқа далели қатъи дастрасӣ ба видеохостингро рад карданд. Ба қавли Алибек Бекназаров, сардори раёсати иттилоотонии интернет-провайдери миллии «Тоҷиктелеком», Хадамоти алоқа ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба Youtube дастур надодааст. «Ман айни замон дар Кӯлоб буда, аз ширкати Мегафон истифода мекунам ва ҳозир видеохостинги Youtube-ро санҷидам, ки боз мешавад», - гуфт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон як моҳ қабл, аз 10-уми июн низ дастрасӣ ба видеохостинги Youtube-ро қатъ намуда, рӯзи 16-уми июн дубора барқарор карданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.




Спи, моя радость, усни! Как наладить сон ребенка, если он мало и беспокойно спит?
«Азия-Плюс» и «Ориёнбанк» посадили деревья в Душанбе
Суд в Санкт-Петербурге вынес приговор таджикистанцу за оправдание теракта в «Крокусе»
Таджикистан и европейские компании усилят взаимодействие по проекту CASA-1000
Маэстро, соединяющий миры. Толибхону Шахиди — 80 лет
Чья тренерская школа окажется сильнее? Иностранцы против местных специалистов в чемпионате Таджикистана-2026
Российские компании представят цифровые решения для Таджикистана
Афиша от «Азия-Плюс»: Спектакль «За чем пойдешь, то и найдешь», гастроли Цирка Дана Запашного и Artel Local Bazaar
Таджикистан и АБР заключили стратегию партнёрства на 2026-2030 годы
Агаси Арутюнян назначен Представителем ФАО в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста