- Ман ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон набудам ва ҳамеша мухолифи ба сиёсат гаравидани дин, аз ҷумла дини ислом ҳастам, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Дар робита ба суханрониаш тариқи Шабакаи аввали телевизион рӯзи 27 феврал ва даъвати мардум ба раъйдиҳӣ ба ҷонибдории ҳизби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ зикр кард, ки ин даъваташ самимона аст ва касе инро аз ӯ дархост накарда, гузашта аз ин, маҷбур ҳам накардааст.

«Ман дарк мекунам, ки президент ва ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта барои рушди давлат, сулҳу суботдар сарзамини тоҷикон, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум хизматҳои зиёде карданд. Бо назардошти ин, ман аз мардуми Тоҷикистон даъват кардам, ки ҲХДТ-ро дастгирӣ кунанд. Агар даъвати ман пазируфта шуда бошад, аз ин хушнудам», - афзуд номбурда.