Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нимаи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс» радиомарафон оғоз гардид, ки мустақиман муддати 1 шабонарӯз ва 1 соат (25 соат) идома меёбад.

Се нафар ровиёни радиои «Азия-Плюс» - Даря Христолюбова, Беҳрӯзи Шаҳриёр ва мубориз Усмонов муддати 25 соат бо шунавандагону ҳаводорони радио мудом тамос мегиранд. Дар рафти радиомарафон мусоҳибаҳои мустақим бо афроди саршиноси кишвар ва меҳмонони ҷумҳурӣ, ҳамчунин дигар барномаҳои фароғативу шавқовар ва мусиқии писандидаву дилнавоз пешниҳод мегардад.

Давоми ҳар се соат дар пахши мустақим бозиҳову озмун барои бурди ҷоизаҳои арзишманд гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин рекорди радиомарафони пахши мустақим ба муддати 25 соат дар Тоҷикистон мебошад. Миёни кишварҳои ИДМ қирғизҳо пешсафанд, ки 32 соат мустақиман барнома пахш кардаанд. Рекорди мутлақ дар ҷаҳон ба русиягиҳо мансуб аст, ки 60 соат мустақиман дар радио барнома пешниҳод карда буданд.

Шарикони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар баргузории ин чорабинӣ: ширкати Tcell - Шарики генералӣ, ТҚҲ «Арванд» - Шарики расмӣ, Тарабхонаи «Бухоро» ва ширкати «Алло, Такси» - Шарикон.

Дар мавҷҳои 107 ФМ (Душанбе, Қурғонтеппа) ва 104,4 ФМ (Хуҷанд) ҳамроҳи мо бимонед!