Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба ифтихори собиқ раиси Иттиҳоди мазкур Акбари Саттор, ки тӯли 10 сол ин ниҳодро роҳбарӣ карда буд, медали ба номи “Акбари Саттор”-ро таъсис дод. Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Аз ИЖТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки медал ба хотири рушди матбуоти тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати касбии рӯзноманигорон таъсис дода шудааст.

“Журналистоне, ки бо ин медал қадрдонӣ мешаванд, дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябри раёсати Иттиҳод муайян карда хоҳанд шуд”, - гуфт як манбаъ дар ИЖТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи қарибулвуқӯъ ҳамчунин номи нафароне, ки ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ лоиқ дониста мешаванд, низ эълон хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор моҳи августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт.