Аксари русиягиҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд вуруди муҳоҷирон ба кишварро маҳдуд созад.

Бино ба маълумоти бадастомада аз назарсанҷии маркази таҳлилии «Левада», аз се ду ҳисса (66%)-и пурсидашудагон ҷонибдори ин мавқеъ буда, камтар аз чоряки онҳо (23%) бар ин ақидаанд, ки ҳукумат бояд ҳамаи монеъаҳои вуруду кор ба муҳоҷиронро аз байн бурда, ин вазъро ба нафъи кишвар истифода кунад.

Ҷомеашиносон ҳамчунин доир ба соли ахир кам ё зиёд шудани муҳоҷирон аз русиягиҳо пурсон шуда, маълум шудааст, ки садҳо ҳазор нафар муҳоҷирон асосан аз Осиёи Марказӣ баъди поинравии қурби рубл бозгашт ба ватанашонро афзал донистаанд.

Зимни посух ба ин савол 43% бобати тағйир наёфтани вазъ тайи 2 соли ахир, 42% - дар бораи афзудани сафи муҳоҷирон ва ҳамагӣ 7% роҷеъ ба коҳиши шумори муҳоҷирон ибрози назар карда, танҳои 12%-и русиягиҳо чунин мешуморанд, ки раванди муҳоҷират ба нафъи Русия аст.


Миёни пурсидашудагон 39% муҳоҷиратро омили тахриби фарҳанги русиягӣ дониста, 51%  бар ин назаранд, ки он ба рушди иқтисод мусоидат намекунад ва 64% онро сабаби афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ шумурда, 64% посух додаанд, ки онҳо ҷойҳои кории русиягиҳоро ишғол мекунанд.

Ҳамагӣ 2% ва 3%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки нисбати шаҳрвандони кишварҳои ҷануби дар паҳлӯяшон иқоматдошта ҳусни эҳтирому самимият эҳсос мекунанд. 15% аз муҳоҷирон ба қаҳру ғазаб омада, 18% ба онҳо кинаву адоват мепарваридаанд ва 5% аз онҳо ҳарос доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, беш аз нисфи русиягиҳои ба назарсанҷӣ фарогирифта (52%) аз шиори «Русия барои русҳо» ҷонибдорӣ намуда, 38% изҳор доштаанд, ки «хуб мешуд, агар ин иқдом амалӣ мешуд, вале дар ҳудудҳои қобили мулоҳиза» ва 14% чунин ибрози андеша кардаанд, ки «ин шиор бояд кайҳо амалӣ мешуд». Танҳо 12% изҳор намудаанд, ки «ин ақида фашистӣ аст».