Тӯли 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор шахси бекор ба қайд гирифта шудааст. Ба ин шумора танҳо нафароне шомиланд, ки барои дарёфти ҷойи кор ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат кардаанд. Ба назари коршиносон, теъдоди воқеии бекорон дар шимоли кишвар бамаротиб бештар аст.

«Диплом ҳаст, кор нест!»

Ҳамарӯза садҳо нафар аз сокинони кишвар барои дарёфти ризқу рӯзии худ ва пайвандонашон дар бозори меҳнат ё ба истилоҳ мардикорбозор, воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд чашмбароҳи корфармо ҳастанд. Дар байни онҳо нафарони дорои маълумоти олиро низ метавон пайдо кард. Бархе аз нокифоятии маоши коргоҳҳои қаблӣ ва баъзеи дигар пас аз ихроҷ аз қаламрави Русия водор шудаанд, ки рӯ ба мардикорӣ оранд.

Сокини шаҳри Панҷакент Афзалшоҳ Расулбердиеви 28-сола аз ин пеш дар Русия ба ҳайси усто кор мекард ва ба гуфтаи худаш, аз дасташ ҳама кор меояд. Вале бинобар ихроҷ шуданаш аз он кишвар тӯли як сол мешавад, ки дар Хуҷанд ба мардикорӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди музди меҳнати ночиз ва муносибати начандон хуби корфармоён маҷбур аст, ки ба мардикорбозор ояд: «Як бародарам дар Душанбе мехонад, ба ӯ пул даркор, ҳамчунин аҳли хонавода ва падару модарро хӯрондан лозим. Ман ба синни 28 даромадаам, вале аз сабаби надоштани маблағ ҳанӯз оиладор нашудаам. Агар иҷозат медоданд, боз ба Русия рафта, кор мекардам. Даромади ин ҷо хуб нест, вале аз ноилоҷӣ меоям. Боз корфармоён муносибати хуб намекунанд, 40-50 сомонӣ медиҳам гуфта, масхара мекунанд. Охир, нархро бардоранд, то мардум пул кор кунанд. Фоидааш ҳам мерасад, чунки барои мисол дуздӣ ё ягон кори ношоиста намекунед».

Роҳтӯшаи мардикорон
Аксбардор: Афзал Босолиев

Як ҷавони дигар - Мармар Ҳасанов ҳамасола аз Кӯлоб ба мардикорбозори Хуҷанд меояд. Ӯ хатмкардаи коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз рӯйи ихтисоси забонҳои хориҷӣ аст, вале маоши ночиз водораш кардааст, ки тарки пеша кунад.

«Диплом ҳаст, кор нест! Омӯзгорӣ мекунед, 400-500 сомонӣ маош медиҳанд, ки барои зиндагӣ намерасад, - изҳор дошт Мармар. - Зану фарзанд дорам, хонаву дар кардан даркор, шароит паст аст. Дар вақти мавсим ба Хуҷанд омада, кор мекунам, дар зимистон хона рафта, шаш моҳи дигар бекору бепул мегардам. Ҳозир буҳрон таъсир кардаасту кори 100 сомониро ба 50 сомонӣ анҷом медиҳӣ. Коргаронро мисли ғулом истифода мекунанд, аз бинӣ боло гап зада намешавад. Эрод гирӣ, гапҳои бемаънӣ мегӯянд. "Ба куҷо рафта арзу дод кунӣ, кардан гир" мегӯянд».

Мардикорон дар интизори корфармо
Аксбардор: Афзал Босолиев

Ташкили ҷойҳои корӣ бо маоши кам...

Масъулин мегӯянд, ки барои таъмини мардум бо ҷойи кор аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Яке аз роҳҳои рафъи мушкили бекории сокинон ташкили ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод арзёбӣ мешавад. Ба иттилои мақомот, дар 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 214 ярмарка гузаронида шуд, ки зимнан 1202 нафар барои худ ҷойи кор пайдо карданд. Дар маҷмӯъ тӯли ин муддат тавассути ярмаркаҳо ва бо роҳхату мусоидати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 9 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Таҳияи Афзал Босолиев

Тибқи нақшаи Раёсати Агентии мазкур, тайи соли 2016 гузаронидани 255 ярмарка дар назар аст. Ин ниҳод бо истифода аз имконоти худ таъмини ҷойи кор барои 10151 нафарро пешбинӣ кардааст.

«Музди миёнаи шуғлҳое, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод мешаванд, аз 400 то 1700 сомониро дар бар мегирад», - изҳор дошт сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Абӯрайҳон Абдураззоқов. Ба гуфтаи ӯ, маоши нисбатан баланд дар соҳаҳои саноат ва сохтмон барои коргарони соҳибтахассус, аз ҷумла, барои инженер-механик ва геологҳо пешниҳод мешавад. Аммо корҷӯён бештар омӯзгор ва иқтисодчӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол ба назари коршинос Маъмури Юсуфзод, баргузории чунин ярмаркаҳо бештар хусусияти расмӣ дорад ва маоши он ҷойҳои корие, ки ба шаҳрвандон пешниҳод мешавад, талаботи онҳоро қонеъ карда наметавонад.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ барои занону духтарони бекор

Ҳукумати вилояти Суғд эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва қолинбофиро яке аз роҳҳои дигари таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор арзёбӣ мекунад. Тавре раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар нишасти хабарии солона изҳор дошт, айни замон дар Суғд беш аз 200 ҳазор нафар занону духтарони бекор ва хонашин ҳастанд, ки тавассути эҳёи ҳунарҳои миллӣ метавон онҳоро бо ҷойи кор таъмин кард. Бино ба иттилои мутасаддиён, ҳоло дар 115 ҷамоату шаҳраки деҳоти вилояти Суғд 156 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис гардида, беш аз 1100 нафар бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва бофтани матоъ ҷалб шудаанд.

Фаъолият дар хоҷагиҳои деҳқонӣ

«Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ ва ба ин восита соҳиби замин гардидани саҳҳомон, яъне аъзояшон аз роҳҳои дигари бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон арзёбӣ мешавад, - иброз дошт Латиф Исмоилзода, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд. - Давоми се соли охир таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, ҳудуди 323 ҳазор нафар саҳҳомон, яъне ба ҳисоби миёна 65 ҳазор хонавода бо қитъаи замин таъмин шудаанд».

Рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ

Ҳамасола қисми зиёди аҳолии қобили меҳнати вилояти Суғд барои таъмини оилаҳои худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд, то 1-уми сентябри соли равон зиёда аз 107 ҳазор шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз ин шумора ҳудуди 93 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 14 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз омор бармеояд, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ имсол назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 11 ҳазор нафар кам шудааст. Сардори Раёсати мазкур Зайнура Шарифова коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷиронро ба таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрасбофӣ марбут дониста, мегӯяд, ки бархе аз шаҳрвандон ҷойи кори мувофиқро дар Ватан пайдо кардаанд.

Аммо ба андешаи соҳибназарон, то замоне ки соҳаи саноат дар кишвар рушд накунад ва шумораи корхонаҳои истеҳсолии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир афзоиш наёбад, дарёфти ҷойи кори мувофиқ бо маоши хуб аз мушкилоти аслии шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва яке аз омилҳои калидии рӯ овардани мардум ба муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳад буд.