Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муътақид аст, ки ташриф ба муассисаҳои фарҳангӣ ба беҳбуди сатҳи маънавии кормандони сохторҳои интизомӣ ва ҳамчунин баровардани мондашавӣ баъди рӯзи кории мушкилу шиддатнок кумак мекунад.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ изҳор намуд, ки чанде қабл роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, кормандон аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар Театри давлатии Лоҳутӣ намоишномаи драмаи таърихии «Чархи гардон» дар таҳияи драматург Нур Табаровро тамошо кардаанд.

Рамазон Раҳимзода ба тамоми ҳунарпешагони театр барои нишон додани ҳунари волои худ ва таъсирбахш бозидани нақшҳо арзи сипос намуда, изҳор намудааст, ки саҳнаи офаридаи онҳо ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле наздикӣ дошта, дар пешбурди самти фаъолият барои ҳар як корманд таъсири мусбии худро хоҳад расонид.

Дар идома вазир гуфтааст, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҳар моҳ як маротиба дар намоишномаҳои театрҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.