Пас аз нисфирӯзии 3 январ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, Одноклассники маҳдуд карда шуд. Баъзе аз хабаррасонҳо ҳам бо мушкил кор мекунанд.
Дар мавриди маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар Facebook иттилоъ паҳн гардид, баъдтар маълум шуд, ки дастрасӣ ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳдуд гардидааст. Ҳамчунин, тариқи WhatsАpp низ фиристодани садо мушкил шуд.
Чанде аз ширкатҳои интернетрасон мушкили дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабариро эътироф карданд, аммо таъкид намуданд, ки мушкил бо сабабҳои аз онҳо вобаста набуда пеш омадааст.
То ҳол мо натавонистем, ки дар ин робита шарҳи расмии Хадамоти алоқаро дастрас намоем.
Ёдовар мешавем, ки дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ пайваста маҳдуд карда мешавад. Аз ҷумла, чанд ҳафтаи охир истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон наметавонанд, ки бе қулфшиканҳо сомонаҳои «Азия-Плюс» ва Радиои Озодиро боз кунанд.
10 декабри соли гузашта сафоратҳои Британия Кабир, Германия, Франсия, ИМА ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарии «Азия-Плюс» ва Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карда буданд.
“Мо чунин мешуморем, ки ҳар нафар ҳуқуқ дорад андешаи худро озод баён намояд. Ҳар шахс метавонад фикри худро дар майдонҳои ҷамъиятӣ ё интернет озод иброз намояд”,-гуфта мешавад дар изҳорот.
Сафирони хориҷӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки озодии матбуотро, бо риояи меъёрҳои эътирофнамудаи байналмилалӣ, таъмин намояд.
Дар изҳорот зикр карда мешавад, ки интернети босуръат ва дастрас барои рушди иқтисодии ҳар давлат муҳим аст.
Дар ҳамин ҳол, таҷриба нишон медиҳад, ки вақте дар ягон минтақаи кишвар вазъ номуътадил мегардад, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд карда мешавад.
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин менамоянд, ки маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ин навбат ба боздошти бародари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров - Тоҳир Маҳмадбоқиров дар Хоруғ вобаста аст.
МИД Таджикистана рекомендовал таджикистанцам воздержаться от поездок в Россию
Сборная Таджикистана по футзалу получит премию в $100 тысяч
Как выбирают жену в Таджикистане: ТОП-5 качеств идеальной невесты
Узбекский шопинг: чем заполнить чемодан в Узбекистане?
Как производство извести в Таджикистане наносит ущерб людям и окружающей среде
Руководитель ООО «Лоик»: "Проверка Антикоррупицонного ведомства является вмешательством в предпринимательскую деятельность"
WSJ: спецслужбы США не считают руководство РФ причастным к смерти Навального
Шоковая заморозка и бизнес на червях. 5 новых бизнес-идей в сельском хозяйстве для Таджикистана
В Совбезе Узбекистана заявили о давлении внешних сил на страны Центральной Азии
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Приезд Кэмерона, итальянское турне и риск заражения чумой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста