Сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид, иштирок карда соҳиби ҷоизаи «Танқиди махсуси доварон» (Спец-критика) гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Муҳаммад Шарифзода, ки соле қабл баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар муддати кӯтоҳ дар ду Фестивали байналмилалӣ обрӯи сирки тоҷикро бардошта, ду ҷоиза ба даст овад.

Гуфта мешавад, ҷоизаи аввалро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байналмилалии «Ояндаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибр байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Муҳаммад Шарифзода

Дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ» 76 нафар сиркбозон аз 12 давлати дунё мисли Россия, Чин, Украина, Бразилия, Колумбия, Ҷопон, ИМА, Муғулистон, Чили, Вйетнам, Эфиопия ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Муҳаммад Шарифзода маҳорати худро дар жанри эквилибр нишон дод. Ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуд.

Муҳаммад Шарифзода тибқи бурсия чор сол дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки Давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Сиркбози ҷавон мегӯяд, ки соли дуввуми таҳсил вақте интихоби равия ва жанрҳои сикрӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибрро пеша кард. «Ба ман гуфтанд, ки ин жанр мушкил асту ҳар кас аз уҳдааш намебарояд ва барои ҳамин нафарони кам онро иштихоб мекунанд. Дар вақти омӯзиш ва тамрин чандин бор ҷароҳатҳо бардоштаам. Аммо ман аз роҳ нагаштам, чунки ин жанр бароям писанд аст» - иброз медорад Муҳаммад.

Сикрбози ҷавон, ки дар соли аввали фаъолияти сиркиаш соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст, зикр намуд, ки дар омӯзишгоҳ ба ӯ устодон Сергей Торопов ва Валентина Кузнетсова ҳунари эквилибрро омӯхтаанд. Дар Тоҷикистон устоди ӯ директори Сирки Давлатии Тоҷикистон Ашур Раҷабов аст, ки бевосита бо ӯ тамрин мекунад.