“Пас аз қиматшавии интернет, мардум минбаъд аз он босаводона ва мулоҳизакорона истифода хоҳанд бурд. Камтар ба бозӣ машғул шудаву ба чашмонашон камтар зарар мерасонанд ва ба сурати умум, солимиашонро эҳтиёт мекунанд”, - иброз дошт дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” муовини сардориХадамоти алоқа Илҳом Атоев.

“Ба ҷавонон диққат диҳед: сарҳо хаму ҳамеша бо интернет машғуланд. Онҳо чизеро намефаҳманд, ба ҷаҳони виртуалӣ (маҷозӣ) ворид шуда, бозпас барнамегарданд. Акнун одамон бо ҳамдигар гуфтугӯ ва муносибатро карданро омӯхта, бештар ба китобхонӣ машғул мешаванд”, - қайд кард номбурда.

Аз 18 апрел дар тамоми операторони мобилии Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон №31 аз 4 марти соли 2019 ҷадвали тарифҳои ягона ба хизматрасониҳои мобилӣ пайдо мешавад.

Ҳамаи нақшаҳои тарифҳо, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон то ин дам пешниҳод мекарданд, бекор карда мешаванд.

Муштариён ба тарифҳои нав гузаронида мешаванд: Tcell тарифҳои худро “Салом” (1, 2, 3), “Мегафон Тоҷикистон” – “Простой” (1, 2, 3),  Babilon-М - «Муносиб» (1, 2 3) ва «Билайн» - “Қулай” (1,2,3) номидааст.

Бо розигии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳоро ба се навъ ҷудо мекунанд: бо пардохти моҳонаи 25, 30 ва 35 сомонӣ. Бо ин маблағ муштариён дар ҳамаи ширкатҳо дақиқаҳои баробар барои гуфтугӯро дастрас мекунанд.

Дар шарҳ ба тарифҳои нав дар сомонаи ширкатҳо қайд мешавад, ки дар сурати ба сифр баробар будани тавозун (баланс), дар муддати 180 рӯз танҳо зангҳои вурудии овозӣ ва SMS- паёмакҳо дастрас мешаванд.

Ҳамчунин ширкатҳо хабар медиҳанд, ки дар ҳолати номуваффақона гузаронидани пардохти моҳона (нагузаштани он), “ҳамаи амалҳои пардохшаванда кор нахоҳанд кард”. Яъне бе пардохти моҳона, зангҳои хориҷшаванда (баромад), SMS/MMS-ҳои хориҷшаванда дастнорас мегарданд.

Бастаҳои интернете, ки қаблан операторон пешниҳод мекарданд, низ аз байн мераванд: барои ҳар 1 Мб муштарӣ 0,062 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ширкатҳои мобилӣ, қаблан зимни харидории бастаҳо, интернет барои муштариён арзонтар меафтид.

“Масалан, 3000 Мб интернетро дар бастаҳо муштариён тақрибан бо 65 сомонӣ харида метавонистанд. Акнун 3000 Мб 186 сомонӣ нарх хоҳад дошт. Яъне метавон гуфт, ки интернет қариб се маротиба гарон шуд”, - гуфт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.