Бо қимат шудани интернети мобилӣ сокинони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи алтернатива (ҷойгузин)-и он пардохта, аксарият дар бораи гузаштан ба интернети ноқилӣ ҳарф мезананд. Мо тасмим гирифтем, ки аз суду манфиати он огаҳӣ ёбем.

Масъалаи гузаштан ба интернети ноқилӣ айни замон дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон фаъолона мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро то рӯзи ҷорӣ шудани тарифҳои нав ҳамагӣ 1 рӯз (аз 18 апрел) вақт боқӣ монда, дигар барои истифодаи интернети мобилӣ пули зиёд пардохтан лозим меояд.

“Хубтар нест, ки интернети ноқилӣ (кабелӣ)-ро васл намуда, Wi-Fi-роутер бихарем ва ҳамаи аъзои оила аз интернети арзон истифода барем. Дар муқоиса бо интернети мобилӣ суръаташ ҳам беҳтар аст”, - менависад Бахтовар Шукуров, корбари Фейсбук.

Дигар корбарони шабака менависанд, ки аз интернети ноқилӣ метавон танҳо дар хонаву ҷойи кор истифода кард.

Бино ба гуфтаи онҳо, хоҳ нохоҳ лозим меояд, ки аз интернети мобилӣ истифода барем, чунки на дар ҳама ҷойи Тоҷикистон интернети ноқилӣ мавҷуд аст.

“Сокинони пойтахт, дар бораи мардуми минтақаҳо ҳам фикр кунед. Барои онҳо интернети ноқилӣ дастнорас аст. Дар Душанбе низ на дар ҳама ҷо интернети ноқилӣ дастрас мебошад”, - менависад Далер Раҷабов дар Фейсбук.

Гузаштан ба интернети ноқилиро муовини роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Назар Одиназода низ тавсия дод. Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ ӯ қайд кард, ки интернети ноқилӣ ба сифати алтернатива бо нархи арзон пешниҳод мешавад.

“Имрӯз мо ба таври алтернативӣ интернети ноқилӣ пешниҳод кардаем. Интернети ноқилӣ барои донишҷуёни макотиби олӣ, унвонҷӯён марҳамат аз интернети ноқилӣ истифода баранд. Он тарифҳое ки мо муайян кардем барои ширкатҳои мобилӣ аст. Дар тамоми мақомотҳои давлатӣ корхонаву ташкилотҳо дар тамоми онҳо интернети хаттӣ (ноқилӣ) вуҷуд аст ва дастрас аст. Мо тарофҳоро барои алоқаи мобилӣ муқаррар кадем, ягон олим барои кори илмӣ аз интернети телефони мобилӣ истифода мебарад? Одаме, ки кори илмӣ мекунад ё донишҷӯе ки дониш меомӯзад, дар утоқи корӣ, ё китобхона нишаста аз интернети хаттӣ истифода мебарад”, - гуфтааст Одиназода.

30 Гб интернети ноқилӣ ба ивази 1 Гб интернети мобилӣ

Дар Тоҷикистон ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и зерин хизматрасониҳои интернети ноқилиро пешниҳод мекунанд: «Tojnet», «Eastera» «Babilon-t», «Saturn», «Intercom» и «TTL».

Мувофиқи тарифҳои онҳо, интернети ноқилӣ аз интернети мобилӣ бамаротиб арзонтар мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки хизматрасониҳои интернет-провайдеронро бо хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ дар мавриди васли интернет муқоиса кунем.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ, аз 18 апрел нархи 1 Гб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон на камтар аз 63 сомониро атшкил хоҳад дод.

Бо ин миқдор маблағ интернет-провайдерон чӣ гуна хизматрасониҳо пешниҳод мекунанд?  

Tojnet, воҳиди сохтории ҶСК «Тоҷиктелеком», ба 60 сомонӣ 30 Гбайт трафики берунӣ пешниҳод мекунад, дар ҳамин ҳол трафики дохилӣ номаҳдуд аст.

Saturn ба 60 сомонӣ 15360Мб трафики берунӣ бо суръати 5 Мбит/сония ва трафики номаҳдуди дохилӣ пешниҳод менамояд.

Babilon-T ба 61,95 сомонӣ 6 Гб трафики берунӣ бо суръати 512 Кб/сония, трафики номаҳдуди дохилӣ ва шабона (аз соати 21:00 то 07:00) пешниҳод мекунад.

Intercom ба 75 сомонӣ 10 ҳазор мегабайт  бо суръати то 15 Мбит/сония пешниҳод мекунад. Дар ҳамин ҳол, трафики шабона (аз соати 00:00 то 07:00) комилан бепул аст.

TTL ба 95 сомонӣ 10 Гб интернет бо суръати 5 Мбит/сония ва трафики бепули дохилӣ бо суръати то 100 Мбит/сония пешниҳод мекунад.

Трафики дохилӣ трафик дар шабакаи интернет-провайдер ё дигар провайдерони Тоҷикистон мувофиқи созишномаи табодули трафик байни шабакаҳои худӣ аст. Рӯйхати сомонаҳои дастрас бо трафики дохилӣ дар сомонаи ширкатҳо қобили дарёфт аст.

Провайдерони ноқилӣ ҳамчунин бо назардошти трафик ва номаҳдуд (белимит), дигар тарифҳо низ доранд, ки вобаста ба суръати интернет арзишашон аз 99 сомонӣ то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо (провайдерон) дар бораи тасмиму иқдомҳои навашон дар ин самт ба мо маълумот надода, лекин дар аксарияти онҳо итминон доданд, ки мудом минтақаи фарогир ва хизматрасониҳоро васеъ мекунанд.

Як манбаъ дар ширкатҳо бидуни ифшои ному насаб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки онҳо доир ба тавсеъаи минтақаи фарогир ва ҷадвали тарифҳо дар робита ба гароншавии интернет мобилӣ, нақша таҳия намудаанд.

“Аз моҳи март вақте ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ содир шуд, талабот ба хизматгузориҳои мо зиёд шуда, ҳоло ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Ин масъаларо баррасӣ намуда, акнун минтақаи фарогирро барои ҷалби бештари муштариён васеъ мекунем”, - қайд кард манбаъ.

Аммо коршиносон мегӯянд, ширкатҳои фарҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ҳатто ба 50%-и муштариёни ширкатҳои мобилӣ хизматрасонӣ карда наметавонанд, зеро алоқае, ки айни замон онҳо ба муштариёнашон пешниҳод мекунанд, он қадр хуб нест.

“Бо имконоти имрӯза провайдерон ҳатто дар якҷоягӣ наметавонанд хизматрасонии нисфи муштариёни ширкатҳои мобилиро фаро гиранд. Лекин мушоҳида мешавад, ки талабот ба хизматгузории онҳо зиёд мешавад, бахусус дар пойтахт. Фикр мекунам, ки дар ин робита онҳо рушд мекунанд, агар онҳоро низ бознадоранд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT).

Дар ҳамин ҳол, Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони мобилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” аз хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ даст кашидани аксари муштариён ва корбарони интернетро тасдиқ намуд.

“Алҳол дар бораи рақамҳои мушаххас ҳарф задан барвақт аст. Вақте ки баъди 1 ё 3 моҳ натиҷаҳои иқтисодӣ маълум мешаванд, сипас мо метавонем бигӯем, ки чӣ шумор муштариён ва чӣ миқдор даромадро аз даст додем. Лекин яқин аст, ки пойгоҳи муштариёни ширкатҳои мобилӣ кам хоҳад шуд”, - иброз дошт Эркаев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар шароити чунин сурат гирифтани муносибатҳои бозорӣ, ширкатҳои мобилӣ ба ҳеҷ гунае бо ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) рақобат карда наметавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.