Имсол маблағи закот дар моҳи шарифи Рамазон 500 сомонӣ муқаррар шуда, онро шахсоне медиҳанд, ки воситаҳои пулии на камтар аз 20 ҳазор сомонӣ доранд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Маркази исломии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

“Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад, - омадааст дар хабар. - Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад”.

Зимнан зикр мегардад, ки фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми май оғози моҳи мубораки Рамазон эълон шуд. Аввалин намози таровеҳ шоми санаи 5 май баргузор мешавад. Шаби Лайлат-ул Қадри моҳи Рамазони имсола ба шаби 31 май - 1 июн рост меояд. Иди Рамазон санаи 5 уми июн ҷашн гирифта мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.