Ҷарроҳии якуми Осияи 6-сола, ки аз оташзанӣ захмҳои зиёд гирифта буд, муваффақона анҷом пазируфт. Дар ин бора Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи рақами 3 ҳангоми сӯҳбат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҷарроҳӣ дар якҷоягӣ бо профессори шинохтаи тиб аз Олмон Эдгар Бимер сурат гирифта, вазъи солимии Осия беҳтар арзёбӣ мегардад.

- Саломатии Осия беҳтар шуда, ҷарроҳии авалин низ ба хубӣгузашт ва боз кай ҷарроҳӣ мешавад, маълум нест.  Худи Эдгар Бимер вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Ҳамзамон Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кардааст, ки дар муоина ва табобати дигар беморон низ саҳми худро хоҳад гузошт.

“Эдгар Бимер, дар беморхонаи “Медгородок” қарор дорад ва беморонро метавонад он ҷо табобат намояд”, - илова кард Зубайдов.

Фотима Зулфонова, модаркалони Осия низ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки вазъи солимии наберааш хуб шуда, умедворанд, ки ӯ базудӣ сиҳат мешавад”.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Зери назари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҷиҳати муоинаи вазъи саломатии ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Душанбе ташриф овард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.