Портали автомобилии car.ru шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистонро ба рӯйхати ҷодаҳои зеботарини ҷаҳон дохил кард.
“Дар саросари дунё якчанд роҳҳои зеботарин мавҷуданд, ки равуо ва боздид аз онҳо тамоми умр дар хотир нақш мебандад”, - навиштааст муаллифи мавод.
Дар ин қатор ӯ шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон, дараи Вердон дар Фаронса, Далтон-Хайвей дар Аляскаи ИМА, шоҳроҳи Трансфэгэрашски тариқи Руминия ва роҳи Чуйски Русияро номбар кардааст.
Шоҳроҳи Помир ҷодаи баландтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Ин ҷо дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр Қарокӯл ҷойгир аст, ки ягона истгоҳ дар роҳи тӯлонист. Барои тай кардани он як рӯзи расо лозим буда, аз табиати афсункори канори роҳ чашм кандан мушкил аст.
Мавзеи гирду атрофи роҳ Марсро ба хотир меорад, зеро дар масофаи чандин километр танҳо чангу ғубор, харсангу дара, нақбҳои нотакрор, роҳи бе мумфарш пеши назар буда, ҳеҷ рустание ба мушоҳида намерасад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Помир ба рейтинги ҷаҳонии “100 самти глобалии устувор” шомил гардид.
Помир ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарини сайёҳӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даҳгонаи аввали маҷаллаи амрикоии National Geographiс Traveler низ дохил шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как ветераны войны встречали 9 мая в Душанбе в разные годы
Как фронтовик Мухитдин Салохов сыграл сам себя в фильме «В талом снеге звон ручья»
Мудрец по содержанию и форме. Памяти ученого-философа Хаёлбека Додихудоева
За какие заслуги участников ВОВ из Таджикистана удостоили звания Героев Советского Союза
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста