Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон якҷо бо роҳбарон ва ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидон вазъи имрӯзаи театр ва драматургия тоҷикро баррасӣ кардаанд.
Ин ҷаласа рӯзи 18-уми феврал бо роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён баргузор шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати мазкур.
Дар он мавзӯъҳои мубрами фаъолияти театрҳо, аз ҷумла, мушкилоти драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият, ҷустуҷӯ ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрӯза, репертуари театрҳои кишвар, инчунин мақоми драматургия дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба мушкилоти театр ва зарурати таҳияи асарҳои барҷастае, ки муаммоҳои мубрами ҳаёти имрӯза ва дастовардҳои солҳои истиқлолиятро инъикос кунанд, ҳарф заданд. Зимнан пешниҳод гардидааст, ки байни драматургон ва коргардонҳо минбаъд ҳамкории зич роҳандозӣ шуда, намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг шомил карда шавад.
Таъсиси нашрияи театрӣ ва баргузории фестивалҳои байнулмилалии театрӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи таклифҳои дигаре буданд, ки зимни ҷаласа баён шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как ветераны войны встречали 9 мая в Душанбе в разные годы
Как фронтовик Мухитдин Салохов сыграл сам себя в фильме «В талом снеге звон ручья»
Мудрец по содержанию и форме. Памяти ученого-философа Хаёлбека Додихудоева
За какие заслуги участников ВОВ из Таджикистана удостоили звания Героев Советского Союза
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста