Имрӯз 32 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон шомил шуданд.
Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба хотири гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мардуми зиёд гирд омада буд.
То имрӯз, 2-юми апрел нақшаи даъватро дар Бадахшон 8 шаҳру ноҳия пурра иҷро карданд.
Дар ҷамъомад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки солҳои охир Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи иҷрои даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ ҳисобот медиҳад.
“Имсол низ дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ вилоят ба ҷойи якум баромад, ки барои ҳамаи мардуми Бадахшон мояи ифтихору сарфарозист”, - гуфт Ёдгор Файзов.
Раиси вилоят ба даъватшудагон барои иқдоми ватандӯстона арзи ташаккур ва дар адои хизмат ба онҳо саломатию комгорӣ таманно кард.
Дар ин ҳамоиш падару модарон, аскарон ва навдаъватшудагон низ суханронӣ карда, хизмат ба Модар-Ватанро мояи шараф донистанд ва барои наваскарон роҳи сафед хостанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Это было, было, было…». ТОП-10 песен из советского прошлого, которые до сих пор помнят и поют в Таджикистане
Мархабо ждет мужа-мигранта уже 20 лет. В родном селе ее называют «Железной женщиной»
Лазерное лечение варикоза: кому можно, а кому нельзя делать эту процедуру?
«Красные следопыты», дружинники и Герои труда: история таджикской пионерии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 мая 2024 года
Привычки таджикистанцев, которые очень удивляют иностранцев
Как работают на улице сапожники Худжанда. Зимой в снег и летом в жару
Завтра в Душанбе состоится забег и веломарафон в рамках Национального дня бега, а также акция One Run
Три героини, как грани характера таджикской женщины. Размышления о фильме «Рох»
Как таджикский дзюдоист ворвался в элиту мирового дзюдо
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста